Сокинони Тоҷикистон наметавонанд гирифти пурраи навбатии Офтобро, ки имрӯз сурат мегирад, мушоҳида кунанд

Декабрь 14, 2020 11:10

ДУШАНБЕ, 14.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 14 декабр, соати 14:13 ба вақти маҳаллӣ гирифти (кусуфи) пурраи  офтоб сурат  хоҳад гирифт, аммо сокинони Тоҷикистон ин рӯйдоди астрономиро наметавонанд мушоҳида кунанд. Сабаби ин на шароити обу ҳаво — абрнокӣ ва тумани шадид, балки мавқеи ҷуғрофӣ мебошад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» директори Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулчеҳра Қоҳирова иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи вай, сокинони Чилӣ ва Аргентина метавонанд ҳалқаи оташин ё «тоҷи хуршедиро» дар атрофи Моҳ бубинанд, ки қурси Офтобро пурра мепӯшонад ва қисман дар Амрикои Ҷанубӣ, Полинезия, Антарктида ва Африка ин рӯйдод мушоҳида хоҳад шуд. Давомнокии гирифти имрӯзаи Офтоб 2 дақиқаю 10 сония хоҳад буд.

Тавре ки Гулчеҳра Қоҳирова иброз дошт, бори охир чунин гирифти Офтоб соли 2002 рух дода буд.

Вай иттилоъ дод, ки гирифти Офтоб падидаи маъмули астрономӣ буда, танҳо бо ҳаракати Замин, Моҳ ва Офтоб дар фазои кайҳонӣ бастагӣ дорад. Гирифти Офтоб на ба саломатии инсон ва на ба ҳаёти рӯзмарраи ӯ зарар намерасонад. Мушоҳидаҳои дарозмуддат нишон доданд, ки ҳангоми гирифти Офтоб ва пас аз он ягон омили барои инсон зараровар сабт нашудааст. Бинобар ин, дар ҷараёни чунин падидаи астрономӣ, албатта, одамон метавонанд тарзи ҳаёти маъмулии худро идома диҳанд ва ба ҳар гуна пешгӯиҳои зиддиилмӣ бовар накунанд.

Бояд зикр кард, ки гирифти Офтоб рӯйдоди астрономӣ мебошад — яъне вақте ки Моҳ Офтобро пурра ё қисман мепӯшонад (мегирад). Гирифти Офтоб танҳо ҳангоми ҳилоли моҳ (нав будани моҳ) имконпазир аст, ин ҳамон марҳилаи моҳ аст, ки тарафи ба Замин нигаронидашудаи Моҳ равшан нест ва худи Моҳ аз рӯи Замин мушоҳида намешавад. Илова бар ин зарур аст, ки тулӯи моҳи нав дар наздикии яке аз ду нуқтаи буриши мадорҳои намоёни Моҳ ва Офтоб рух бидиҳад. Бинобар ҳамин шароит, рӯйдоди гирифти Офтоб зуд-зуд ба амал намеояд. Дар тӯли сол дар Замин аз 2 то 5 рӯйдоди гирифти Офтоб метавонад рух бидиҳад.

Декабрь 14, 2020 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд