Тақозои Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Бадахшон аз тоҷирон: «Неруи барқро оқилонаву сарфаҷӯёна истифода баред!»

Декабрь 18, 2020 09:07

ХОРУҒ, 18.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вазъи истифодаи оқилонаи неруи барқ ва роҳҳои пешгирӣ аз сӯхторро дар баъзе ошхонаву дӯконҳо ва марказҳои хизматрасонии бозори марказӣ  мавриди санҷиш қарор доданд. Натиҷаи санҷиш нишон дод, ки баъзе  марказҳои хизматрасонии маишӣ ва тиҷоратӣ на танҳо одитарин қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро риоя намекунанд, балки ҳангоми истифода аз неруи барқ ба исрофкорӣ роҳ медиҳанд.

Аъзои гурӯҳи корӣ зимни суҳбат бо соҳибкорони бозори марказӣ ва дӯкону мағозаҳои атрофи он изҳор доштанд, ки «ҳаргиз нияти халалдор кардани фаъолияти онҳоро надоранд, баръакс мехоҳанд тиҷораташон боз ҳам равнақ ёбад. Танҳо ягона тақозояшон ин аст, ки неруи барқро оқилонаву сарфаҷӯёна истифода баранд».

Танҳо ба ин восита ширкати «Помирэнерҷӣ» имконият пайдо мекунад, ки маҳдудияти истифодаи неруи барқро аз байн бардорад.

Сардори Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилоят Ҷаъфари Ризо гуфт, ки “ба сабаби кам шудани сатҳи оби дарёи Ғунд ва яхбандии аз меъёри зиёд дар ҳавзи нигоҳдории об тавлиди неруи барқ каме коҳиш ёфт. Аммо сарфи назар аз ин мушкилоти табиӣ сокинони шаҳри Хоруғ, тамоми идораву муассисаҳо ва марказҳои тиҷоратӣ 24 соат бо неруи барқ таъмин мебошанд. Танҳо ба баъзе аз деҳоти дурдасти ноҳияҳои вилоят барқ мутобиқи реҷа дода мешавад. Агар сокинони шаҳр ва корхонаву муассисаҳои ҳудуди шаҳр, бахусус ҳаммому нонвойхона ва ошхонаву тарабхонаҳо оқилонаву сарафакорона аз неруи  барқ баҳра баранд ва ба ҷои барқ аз ангишти табиӣ  истифода кунанд, он вақт имкони пурра бо барқ таъмин намудани тамоми сокинони вилоят пайдо хоҳад шуд”.

Ба гуфтаи сардори Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилоят, ҳамчунин  нодуруст пайваст кардани ноқилҳои барқӣ, истифодаи бухориҳои барқии худсохту ғайристандартӣ ва ё асбобе, ки ноқилҳояшон ба ҳисобкунакҳо пайваст нашудаанд, на танҳо  сӯхтор ба амал меоранд, балки боиси аз меъёри муқаррарӣ зиёд истифода бурдани  неруи  барқ мегарданд.

Тоҷирону соҳибкорони бозори марказии шаҳри Хоруғ баъди ин суҳбату мулоқот ваъда доданд, ки рӯзҳои наздик тамоми нуқсу камбудиҳои ошкоршударо ислоҳ хоҳанд кард.

Декабрь 18, 2020 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд