Табодули мол миёни Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ИДМ, ба истиснои Беларус, коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 23.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаҷми табодули мол миёни Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ дар соли 2020 беш аз 6% коҳиш ёфт. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора имрӯз агентии «Спутник» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ дод.
«Аз моҳи январ то ноябри соли 2020 табодули мол нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 6,2% коҳиш ёфт», — гуфтанд дар вазорат.
Ҳаҷми умумии муомилот имсол беш аз 2,1 миллиард долларро ташкил дод. Ҳамин тариқ, ба кишварҳои ИДМ 50,9% ҳаҷми умумии табодули моли кишвар рост меояд.
Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми табодули мол бо Беларус ба таври назаррас -84% ва инчунин бо Озарбойҷон — 7,9% афзуд. Дар ин давра тиҷорат бо кишварҳои дигари ИДМ коҳиш ёфт.
Тибқи маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, шарикони асосии тиҷорат бо кишварҳои ИДМ Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон буданд.
Россия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Тибқи маълумоти расмӣ, табодули мол байни ду давлат дар 11 моҳи охир 721,3 миллион долларро ташкил додааст (содирот — 25,5 миллион доллар, воридот — 695,8 миллион доллар).
Ҳаҷми мубодила бо Қазоқистон беш аз 795,8 миллион доллар ва бо Ӯзбекистон беш аз 300,4 миллион долларро ташкил медиҳад.
Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рекорди нави содироти маҳсулот ба хориҷро дар соли 2020 эълон кард: дар 11 моҳи аввали соли равон содироти Тоҷикистон аз 1 миллиарду 322 миллион доллар гузашт.
АКС аз бойгонӣ








«Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» амалӣ мешавад
Моҳи май дар шаҳри Бохтар Форуми сайёҳии «Хатлон – 2026» баргузор мешавад
Ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад






