Тоҷикистон ба даҳгонаи роҳҳои ҳавоии барои россиягиҳо бештар маъмул дар соли 2020 ворид шуд
ДУШАНБЕ, 21.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи як пажӯҳиши хадамоти сайёҳӣ ва сафарҳои Tutu.ru, Тоҷикистон соли 2020 ба даҳгонаи роҳҳои ҳавоии барои россиягиҳо маъмул ворид шуд. Инчунин ба ин даҳгона Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Германия, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Туркия, Ӯзбекистон шомиланд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.
«Талабот ба парвозҳо, ҳатто ба самтҳои маъмултарин имсол хеле коҳиш ёфт. Аз раддабандии 10 самти маъмул талабот ба парвозҳо ба Туркия камтар коҳиш ёфт. Ин кишвар қабули русҳоро аз моҳи август шурӯъ кард ва аввалин алтернатива барои истироҳатгоҳҳои баҳрии ватанӣ шуд. Аммо, ба ҳар ҳол, нисбат ба соли гузашта русҳо 40-45% камтар ба Туркия рафтаанд», — зикр шудааст дар Tutu.ru.
Дар ҷумлаи самтҳои туркӣ Истанбул ва Анталия маъруфтар шудаанд. «Дар ин самтҳо ҳиссаи сайёҳони мустақил, ки онҳо ҷалб мекунанд, се маротиба зиёд шудааст», — зикр мекунанд дар Tutu.ru.
Дар айни ҳол, арзиши миёнаи чиптаи ҳавопаймо ба хориҷи наздик (як тараф) то 6% афзуд ва 11,7 ҳазор рублро ташкил медиҳад, ба Аврупо — 9% ва14,8 ҳазор рубл.
Россия бар асари пандемия дар фасли баҳор парвозҳои мунтазами мусофиронро ба дигар кишварҳо қатъ кард. Аз тобистон парвозҳо ба як қатор кишварҳо қисман аз сар гирифта шуданд: Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Кореяи Ҷанубӣ, Миср, АМА, Туркия, Британияи Кабир, Швейтсария, Танзания, Сербия, Япония, Эфиопия, Малдив, Ҷазираҳои Сейшел ва Куба. Инчунин баъзе ширкатҳои ҳавопаймоии Россия ва хориҷӣ ба истилоҳ парвозҳои боркашонӣ-мусофиркашонӣ анҷом медиҳанд, ки пеш аз ҳама, барои интиқоли молҳои гуногун пешбинӣ шудаанд, аммо интиқоли баъзе категорияҳои мусофирон сурат мегирад.
АКС аз сомонаи altaex.ru








Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Имрӯз дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
НАВРӮЗ-БРЕНДИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ. Сайёҳони хориҷӣ дар ин рӯзҳо бо таърих, фарҳанг ва расму оинҳои халқи тоҷик бештар шинос мегарданд
БРЕНДИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН. Ҷашни Наврӯз пули дӯстӣ байни миллатҳо мебошад
Блогерон ва хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ барои инъикоси Наврӯз ба Тоҷикистон меоянд
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»






