Ҳукумати ИМА барои дастгирии системаҳои оксигени тиббӣ бар зидди COVID-19 ба Тоҷикистон 2,6 миллион доллар ҷудо мекунад

Декабрь 30, 2020 08:28

ДУШАНБЕ, 30.12.2012/АМИТ «Ховар»/.  Сафорати  ИМА  дар Душанбе, тавассути Намояндагии нави Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ дар Тоҷикистон (USAID), қисми аввали таҷҳизоти таъминоти оксигени тиббиро барои бемороне, ки зидди COVID-19 мубориза мебаранд, дирӯз, 29 декабр ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим намуд. Ин барномаи дастгирии оксигенӣ илова ба тақрибан 5 миллион доллар кумаки тиббӣ мебошад, ки ҳукумати ИМА аллакай барои мубориза бар зидди COVID-19 дар тӯли соли 2020 ба Тоҷикистон расонидааст.

Иҷрокунандаи вазифаи директори Намояндагии USAID дар Тоҷикистон Кит Симмонс ба муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода 200 зарфи оксигени тиббиро дар маросими расмӣ имрӯз супорид (ДАР АКС). Тоҷикистон дар қатори 11 кишварҳое, ки аз ҳукумати ИМА кӯмаки оксигенӣ мегиранд, қарор дорад ва ин дар маҷмӯъ дар ҷаҳон 18 миллион долларро ташкил медиҳад.

Сафири ИМА Ҷон Марк Поммершайм талошҳои Тоҷикистонро барои пешгирии паҳншавии COVID-19 арзгузорӣ намуда, қайд кард: «Мо шарикии худро бо мардуми Тоҷикистон қадр мекунем ва садоқати худро баҳри ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон дар вокуниш ба пандемияи COVID-19 изҳор менамоем.»

Оксигени иловагӣ табобати муҳим ва наҷотбахши одамони мубталои COVID-19 мебошад. Илова ба зарфҳои оксигенӣ Сафорати ИМА дар соли оянда барои насб намудан дар беморхонаҳои Тоҷикистон се дастгоҳи пешрафтаи тавлиди оксигенро таъмин хоҳад кард.

Аз оғози пандемияи COVID-19, Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ба Тоҷикистон барои беҳтар намудани таъминоти оксигенӣ, фаъолияти лабораторияҳои тиббӣ, фароҳам овардани имкониятҳои шуғл барои шахсони бекормонда, дастгирии ғизоӣ ба осебпазиртарин қишри аҳолӣ ва ғайра бештар аз 7,5 миллион доллар таъмин намудаст.

                                                 АКС: Сафорати ИМА дар Душанбе

Декабрь 30, 2020 08:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид