Қурбон Ҳакимзода бо директори генералии “Ҷунгтай Данғара Син-Силу” Чэн Ванг бакорандозии марҳалаҳои навбатии корхонаи мазкурро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 31.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон солҳои тӯлонӣ пахта ҳамчун маҳсулоти кишоварзии анъанавӣ дар шакли ашёи хом ба хориҷи кишвар содирот карда мешуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат дастуру супориш доданд, ки пахтаи истеҳсолшаванда бо мақсади ба даст овардани арзиши баланди иловагӣ дар дохили ҷумҳурӣ то ҳадди ниҳоӣ коркард карда шавад ва барои коркарди пурраи он марҳила ба марҳила кластерҳои агросаноатӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ ташкил карда шаванд. Ҷамъияти “Ҷунгтай Данғара Син-Силу” дар ноҳияи Данғара ба сифати яке аз корхонаҳои калонтарин дар Осиёи Марказӣ маҳз бо ҳамин мақсад ва ҷиҳати ба роҳ мондани истеҳсол ва содироти маҳсулоти нассоҷӣ бунёд шуда истодааст.
Ин матлаб дар мулоқоти Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо директори генералии ҶСП “Ҷунгтай Хатлон Син-Силу” ва ҶСП “Ҷунгтай Данғара Син-Силу” Чэн Ванг, ки имрӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят доир шуд, баён гардид.
Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, дар мулоқот Қурбон Ҳакимзода аз равобити мустаҳками вилояти Хатлон ва музофотҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин дар арсаҳои иқтисоду тиҷорат, саноату кишоварзӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр кард, ки айни замон дар ҳудуди вилоят якчанд корхонаи муштараки истеҳсолию саноатӣ фаъолият мекунад.
-Президенти Тоҷикистон рушди саноати сабук, аз ҷумла соҳаҳои бофандагиву дӯзандагӣ, яъне коркарди ниҳоии ашёи хомро аз самтҳои афзалиятноку ояндадори иқтисоди миллӣ унвон кардаанд, — таъкид кард раиси вилоят ва илова намуд, ки ба роҳ мондани фаъолияти мунтазами чунин корхонаҳо боиси бо молҳои саноатӣ таъмин шудани талаботи аҳолӣ, фароҳам омадани даҳҳо ҳазор ҷойи кор ва афзоиши буҷети давлат мегардад.
Роҳбари ҶСП “Ҷунгтай Хатлон Син-Силу” Чэн Ванг изҳор дошт, ки ин ширкат алоқаманди густариши ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва доираҳои соҳибкории вилояти Хатлон мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҷунгтай Данғара Син-Силу” барои коркарди саноатии қариб 15 ҳазор тонна нахи пахта ва бо иқтидори солонаи 12 ҳазор тонна ришта ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафи саноатикунонии мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода таъкид намуд, ки бо истифода аз ашёи хоми фаровони маҳаллӣ ва мавҷуд будани дигар бартариҳо тараққӣ додани соҳаҳои нассоҷиву дӯзандагӣ, яъне аз нахи пахта васеъ ба роҳ мондани истеҳсоли ришта, матоъҳои гуногун, либоси тайёр ва навъҳои гуногуни маҳсулоти дӯзандагӣ яке аз роҳҳои асосии таъмин намудани ин ҳадаф ба ҳисоб меравад.
Маҷмааи мазкур аз чор даври истеҳсолӣ иборат буда, дар он чор корхонаи нав – ресандагӣ бо иқтидори 25 ҳазор тонна нахи пахта, бофандагӣ бо иқтидори коркарди 25 ҳазор тонна нахи пахта, бофандагӣ бо имконияти истеҳсоли зиёда аз 10 миллион метри мураббаъ матои пахтагин, рангубори ҳазор тонна ришта ва дӯзандагӣ бо иқтидори истеҳсоли як миллион адад маҳсулоти тайёр бунёд ва дар маҷмӯъ, 6 ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Дар мулоқот Қурбон Ҳакимзода ва Чэн Ванг доир ба роҳҳои таъмин намудани иҷрои ҷадвали бакорандозии марҳалаҳои навбатии маҷмаа ва дигар масъалаҳои ҳамкорӣ табодули назар карданд.
Навбати аввали корхона, яъне бахши ресандагӣ моҳи июни соли 2017, навбати дуюм – бахши бофандагиву рангуборкунӣ моҳи сентябри соли 2018 ба истифода дода шуд.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода таъкид намуд, ки барои тезонидани ҷараёни сохтмони марҳилаҳои сеюму чоруми коргоҳҳои маҷмаа ва ташкил намудани инфрасохтори зарурии онҳо тадбирҳои мушаххаси иловагӣ андешидан лозим мебошад.
Изҳори умедворӣ шуд, ки бартараф намудани қафомонӣ дар корҳои сохтмону васлкунӣ дар бунёди ин маҷмааи бузург дар соли 30-мин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-солагии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай имконпазир мегардад.
Таъкид шуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид намудани таҷҳизоти истеҳсоливу инфрасохторӣ як қатор имтиёзҳо муқаррар гардида, ҳамзамон бо ин, барои бо ашёи хоми маҳаллӣ таъмин кардани корхона тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, бо қарори Ҳукумати мамлакат ба мақсади таъмин намудани корхона бо пахтаи аълосифат қариб 15 ҳазор гектар замин ҷудо гардидааст.
Бинобар ин, ҷонибҳо ба зарурати вусъат бахшидани ҳамкорӣ оид ба истеҳсоли пахтаи хушсифат ва баланд бардоштани ҳосилнокии он ишора намуданд.








Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
Дар Душанбе натиҷаҳои миллии Шарҳи чоруми фаъолияти экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Давҳа тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо AIIB баррасӣ гардид
Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд
Дар Давҳа ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ доир гардид
Дар доираи «TAJ-TECH 2026» санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд
Дар шаҳри Душанбе ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид






