Вазорати мудофиаи ҶИА аз маҳви 26 толиб ва 4 ҷангҷӯи «Ал-Қоида» дар Ҳилманд хабар дод

Декабрь 28, 2020 10:23

ДУШАНБЕ, 28 декабр. /АМИТ «Ховар»/ Рӯзи шанбе, дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоӣ дар вилояти ҷанубии Афғонистон Ҳилманд 15 толиб ва 4 ҷангҷӯи «Ал-Қоида» (дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ аст) маҳв шуданд, хабар медиҳад Афганистан.ру. бо истинод ба вазорати мудофиаи Афғонистон.

Тибқи ин гузориш, бомбаборони ҳавоӣ дар ноҳияи Наво сурат гирифтааст. Вазорати мудофиаи ҶИА таъкид кардааст, ки ба ҷангҷӯён замоне зарба зада шуд, ки онҳо ба гузоштани минаҳо машғул буданд.

Илова бар ин, дар ҳамлаи ҳавоии дирӯза дар вилояти мазкур 11 ҷангҷуйи дигари “Толибон” кушта ва чаҳор нафар маҷрӯҳ шуданд.

Намояндагони ҷунбишҳои радикалӣ то ҳол маълумотро дар бораи талафот дар сафҳояшон шарҳ надодаанд.

Дар ҳамин ҳол, Идораи амнияти миллии ҶИА аз боздошти як ҷангҷӯйи “Ал-Қоида” дар Заранҷ, маркази вилояти ҷанубу ғарбии Афғонистон Нимрӯз хабар дод. Дар гузориш қайд шудааст, ки боздоштшуда дар ҳамла ба неруҳои амниятӣ дар вилоят даст дорад.

Декабрь 28, 2020 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд
Дар шаҳри Норак нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид