Вазорати нақлиёт рақамикунонии логистикаи нақлиётро ба роҳ мемонад
ДУШАНБЕ, 23.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки рақамикунонии логистикаи нақлиётӣ ва коркарди рақамии роҳхату борхатро ҳарчи зудтар ба роҳ монад. Масъалаи мазкур дар машварате, ки дар мавзӯи «Системаи ягонаи нақлиётӣ ва логистикӣ» дар Душанбе таҳти раёсати Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим баргузор гардид, баррасӣ шуд.
Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Азим Иброҳим зикр кард, ки «роҳбарони Вазорати нақлиёт тасмим гирифтаанд, ки барои пешрафти кори босифат ва саривақтиву сарфакорона фаъолияти тамоми сохторҳои соҳаро бо истифода аз технологияи нав ба роҳ монанд. Дар иртибот тасмим гирифтем, ки рақамикунонии логистикаи нақлиётӣ, коркарди рақамии роҳхату борхатро ҳарчи зудтар ба роҳ монем. Ҳамчунин фаъолияти барномаи «Низоми идоракунии дороиҳои роҳ» (НИДРА)-ро васеътар намуда, агар зарур ояд, барои зери назорати қатъӣ гирифтани кори техникаи роҳнигоҳдорӣ ва ташкили «фонди маълумот» дар назди Раёсати таҳлил ва дурнамои иқтисодӣ шуъбаи махсус иборат аз мутахассисони сатҳи баланд таъсис диҳем».
-Мо бояд ҳамқадами замон бошем ва дар фаъолияти кориамон аз технологияи муосир хуб истифода карда тавонем,-афзуд Азим Иброҳим.
Дар машварат мутахассисони ҶДММ «Сармояи рақамӣ» оид ба мавзӯи «Системаи ягонаи логистикӣ ва нақлиётӣ» тариқи слайдҳо маълумот доданд ва ҳозиринро бо усули рақамикунонии роҳхату борхат ва мақсади истифода аз чунин тарзи кор шинос сохтанд.
Зикр шуд, ки бо гузаштан ба ин намуди фаъолият кори ронандагон, ташкилоте, ки роҳхату борхат медиҳад ва нозирон осонтар мегардад. Аммо барои пурра ба ин сохтор гузаштан чанд марҳиларо тай кардан зарур мебошад. Рақамикунонии роҳхату борхат- ин марҳилаи аввал аст, ки аз он фаъолият ба роҳ монда мешавад.
Вазири нақлиёт ба масъулини соҳа дастур дод, ки ҳарчи зудтар ин масъаларо омӯхта, барои амалӣ кардани он тадбир андешанд.
Акси аввал аз бойгонӣ








Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд






