Ятимони Хонаи кӯдакони шаҳри Турсунзода бо либосҳои варзишӣ таъмин гардиданд

Декабрь 15, 2020 11:30

ТУРСУНЗОДА, 15.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ба ҳамаи тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакони шаҳр либосҳои варзишӣ, пойафзол ва бастаи шириниҳо тақдим ва барояшон дастархони идона кушода шуд.

Тавре мухбири минтақавии АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад,  ҷиҳати риояи талаботи беҳдоштӣ дар муассиса аз ҷониби Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода  тарбиятгирандагон ва кормандони муассиса бо ниқоб ва маводи зиддиуфунатӣ таъмин шуданд.

Сардухтури шаҳри Турсунзода Тоҷиддин Ятимов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки  “ятимони Хонаи кӯдакони шаҳр ба таври доимӣ зери назорати табибони беморхонаи марказӣ қарор дошта, аз табобату хизматрасонии ройгони тиббӣ бархурдор мебошанд. Чанд маротиба шуд, ки барои пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ҷиҳати риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ муассисаро бо маводи безараргардонию зиддиуфунатӣ ва ниқобҳо таъмин менамоем”.

Ёдовар мешавем, ки дастгирии ятимону ниёзмандон яке аз самтҳои асосии сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, он кас барои дастгирии ин қишри ҷомеа ҳамеша ба мансабдорону соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд. Дар ин асос  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо саховатмандону эҳсонкорон ҳамкории зич ба роҳ монда, ниёзмандонро пайваста дастгирӣ менамояд.

Декабрь 15, 2020 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад