«Женмин жибао»: Ҳамкорӣ байни Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи кишоварзӣ босубот рушд мекунад
ДУШАНБЕ, 09.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имсол кишварҳои Осиёи Марказӣ маҳсулоти кишоварзиро ба Чин фаъолона содир мекунанд, то ин ки бозори нави рушди иқтисодиро фароҳам оранд ва ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро густариш диҳанд, омадааст дар маводи нашрияи чинии «Женмин жибао».
Тибқи омори Вазорати кишоварзӣ ва корҳои деҳоти ҶМЧ, дар 7 моҳи аввали соли равон ҳаҷми умумии савдои Чин бо панҷ кишвари Осиёи Марказӣ 4 миллиарду 316 миллион юанро ташкил додааст. Аз ҷумла, ҳаҷми тиҷорати маҳсулоти кишоварзӣ байни Чин ва Қазоқистон ба 2 миллиарду 866 миллион юан расидааст, ки дар муқоиса ба ҳамин ҳамин давраи соли гузашта 14,4% афзудааст.
Моҳи сентябри соли 2018 лоиҳаи муҳими ҳамкорӣ байни Чин ва Қазоқистон дар соҳаи зарфияти тавлидотӣ — корхонаи истеҳсоли хокаи хушк аз шири шутур дар вилояти Туркистони «Golden Camel» («Шутури тиллоӣ») — калонтарин корхонаи коркарди шири шутур дар Қазоқистон гардид. Моҳи апрели соли равон ин корхона бори аввал хокаи шири хушки шутурро ба Чин содир кард. Давоми шаш моҳ аллакай тавассути роҳи оҳани Чин-Аврупо 150 тонна шири хушк ба Чин интиқол ёфтааст. Соли равон дар Намоишгоҳи байналмилалии молҳои воридотии Чин (CIIE) хокаи шири шутури корҳонаи «Golden Camel» таваҷҷуҳи тамошобинони зиёдро ба худ ҷалб кард.
Ӯзбекистон аз рӯи ҳаҷми парвариши гелос дар ҷаҳон машҳур ва аз ҷиҳати миқдори солонаи истеҳсоли он дар ҷаҳон пешсаф мебошад. Аз ҷумла, гелоси минтақаи Тошканд ба туфайли сифати баланд ва арзон будан дар бозори байналмилалӣ рақобатпазир аст. Дар айни замон, ба гелоси Ӯзбекистон дар платформаҳои тиҷорати электронии Чин талабот зиёд аст.
Тавре АМИТ “Ховар” қаблан хабар дода буд, дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи кишоварзӣ зимни сафарҳои расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҶМЧ баррасӣ шуда буд. Тоҷикистон ва Чин барои баланд бардоштани нақши Комиссияи Чин ва Тоҷикистон оид ба ҳамкории кишоварзӣ ва парвариши намунавии зироат ва сабзавот; беҳтар намудани зот ва парвариши чорво; байторӣ, истеҳсоли техникаи кишоварзӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва савдо, инчунин омӯзиш ва табодули мутахассисони соҳаи кишоварзӣ тадбир меандешанд. Ҳамкории муштарак дар самти ташкили парки муштараки намунавии илм ва технологияи кишоварзӣ, ҷорӣ ва истифодаи техникаи кишоварзӣ дар пешбурди шарикӣ ҷиҳати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ идома дорад. Тоҷикистон бо мақсади рушди зироаткорӣ ва чорводорӣ ба истифодаи таҷрибаи истеҳсолӣ ва технологии Чин манфиатдор аст.
АКС аз бойгонӣ








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






