ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Бӯстон корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 09.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ соҳибкорони шаҳри Бӯстони вилояти Суғд тасмим гирифтаанд, ки якчанд корхонаҳои нави саноатӣ бунёд намоянд. Аз ҷумла, роҳбарони ҶДММ «Суғд-пак» тасмим доранд, ки имсол корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтилениро дар минтақаи саноатии шаҳри Бӯстон ба истифода супоранд. Корҳои сохтмонии ин корхона соли 2019 оғоз ёфта буданд. Барои сохтмону харидории таҷҳизоти зарурӣ 10 миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ гардида, бо мавриди истифода қарор гирифтани он аз 50 то 100 нафар бо ҷойи корӣ таъмин хоҳанд шуд.
Дар ин бора аз макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Бӯстон бо ҷараёни бунёди корхонаҳои саноатӣ шинос гардида, гуфт, ки «дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳарчӣ зудтар ноил шудан ба ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат дар вилояти Суғд тадбирҳои судманд амалӣ мешаванд».
Дар ин раванд ба бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардида, ҳамасола садҳо корхонаҳои нав мавриди истифода қарор мегиранд.
Дар шаҳри Бӯстон инчунин аз ҷониби ширкати «Барс» корхонаи коркарди ғалла бунёд шуда истодааст, ки бо фаъол гардидани он чандин нафар бо ҷойи кор таъмин мегарданд.
Корхонаи коркарди ғалла бо таҷҳизоти навтарин муҷаҳҳаз гардонида шуда, фаъолияти он ба таъмини бозори дохилӣ бо орд равона гардидааст.








Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд






