ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Соҳибкор пули мошингузар бунёд намуда, мушкили 7 ҳазор аҳолиро осон менамояд
ДУШАНБЕ, 21.01.2021/АМИТ «Ховар»/. То ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон якчанд иншооти ҷашнӣ бунёд гардида, мавриди истифода қарор дода мешаванд. Бунёди Маркази саломатии деҳаи Себзор ва сохтмони пули мошингузар дар деҳаи Ободии Ҷамоати деҳоти Бунҷикати Шаҳристон аз ҳамин ҷумлаанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафар ба ноҳияи Шаҳристон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот шинос гардид. Ба Раиси вилоят маълумот дода шуд, ки маркази саломатӣ бо фармоиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон ва ҷалби соҳибкорону аҳолӣ сохта шуда, сохтмони он соли 2018 оғоз гардидааст. Лоиҳаи иншоотро Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш» дар ноҳияи Шаҳристон омода намудааст.
Раиси вилоят барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо ва харидории таҷҳизоти зарурии тиббӣ ба роҳбарони ноҳия супориш дод.
Дар ноҳияи Шаҳристон бо ташаббуси аҳолӣ ва соҳибкорону саховатмандон бунёди иншооти гуногуни ҷашнӣ босуръат идома дошта, сокинони ноҳия барои бо дастовардҳои шоиста истиқбол намудани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон талош намуда истодаанд. Аз ҷумла, дар деҳаи Ободии Ҷамоати деҳоти Бунҷикат бо саҳми соҳибкор Анорқул Ҷӯраев пули мошингузар сохта шуда истодааст. Ҳар сол бо оғоз гардидани мавсими бориш ҳаракати нақлиёт дар ин деҳа душвор гардида, ҳатто дар баъзе ҳолатҳо бо сабаби баланд шудани сатҳи оби сой ҳаракат қатъ мегардид. Соҳибкор тасмим гирифт, ки бо мақсади осон намудани мушкилии 7 ҳазор нафар аҳолии деҳаҳои Ободӣ, Суғдиён ва атрофи он пули мошингузар бунёд созад.
Лоиҳаи пули нав аз ҷониби ҶДММ «Проект Инвест» таҳия гардидааст. Раиси вилоят ба соҳибкори маҳаллӣ ҷиҳати иҷрои кори хайр миннатдорӣ изҳор намуда, ба роҳбарони ноҳия барои беҳсозии ҳолати роҳҳо ва таъмиру навсозии пулҳои мошингузар дастур дод.











35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди корхонаҳои хурду бузург дар Панҷакент ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёд мешавад
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад






