Агентии авиатсияи гражданӣ: «Somon Air» моҳи январ ба шаҳрҳои Россия 130 парвози махсус анҷом медиҳад
ДУШАНБЕ, 08.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии ватании «Somon Air» тасмим гирифтааст, ки моҳи январ ба шаҳрҳои гуногуни Федератсияи Россия ҳудуди 130 парвози махсус анҷом диҳад.
Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки дархости ширкати ҳавопаймоии ватании «Somon Air» ҷиҳати иҷрои парвозҳои махсус ба шаҳрҳои Федератсияи Россия ба Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо бемории COVID-19 расонида шудааст.
Икром Субҳонзода афзуд, ки дар як рӯз то шаш парвози махсус аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба шаҳрҳои Россия сурат мегирад. Инчунин интизор меравад, ки моҳи январ 10 парвози махсус дар масири Душанбе-Минск –Душанбе аз сӯи ширкати «Сомон Эйр» анҷом дода шавад.
Мусофироне, ки ба ватан бармегарданд, бояд бо худ маълумотномаи ташхиси COVID-19 дошта бошанд, ки 72 соат пеш аз парвоз дода мешавад. Чунин маълумотнома ба кӯдакони то сесола зарур нест.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






