Ҳайати мунтахаби миллии Тоҷикистон барои омодагӣ ба бозиҳои дӯстона бо Урдун муайян гардид

Январь 22, 2021 16:05

ДУШАНБЕ, 22.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ситоди мураббиёни дастаи  миллии Тоҷикистон оид ба футболу бо роҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев рӯйхати бозингаронро барои омодагӣ ба бозиҳои дӯстона бо дастаи мунтахаби миллии Урдун ( 1 ва 5 феврал) муайян намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, ба рӯйхати мазкур 23 бозингар, аз ҷумла 3 дарвозабон, 9 муҳофизатгар, 7 ниммуҳофизатгар ва 4 ҳамлагар шомил шудаанд. Аз аъзои дастаи  миллии Тоҷикистон, ки дар дастаҳои хориҷи кишвар бозӣ мекунанд, ҳамагӣ ду кас – муҳофизатгари «Бунёдкор»-и Тошканд Давронҷон Эргашев ва ниммуҳофизи «Навбаҳор»-и Намангон Эҳсони Панҷшанбе даъват шудаанд.  Чанде аз бозингарон, ки дар бошгоҳҳои хориҷи мамлакат баромад доранд, вобаста ба вазъияти ҳамагир наметавонанд дар бозиҳо ба муқобили Урдун иштирок намоянд.

Омодагиҳо ба бозиҳоро бо миллипӯшони Урдун, ки 1 ва 5 феврал дар Дубай баргузор мешаванд, дастаи миллии Тоҷикистон 27 январ дар Душанбе шурӯъ мекунад. Рӯзи шанбеи 30 январ ҳайати намояндагии дастаи мунтахаби миллии кишвар ба Дубай парвоз карда, омодагиро он ҷо идома медиҳад.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футбол дар бозиҳои дӯстона бо дастаи миллии Урдун:

Даврозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Мӯҳриддин Ҳасанов («Хуҷанд»);

Муҳофизон: Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Ӯзбекистон), Аҳтам Назаров, Зоир Ҷӯрабоев, Искандар Ҷалилов, Табрези Давлатмир, Ваҳдат Ханонов (ҳама аз «Истиқлол»), Манучеҳр Сафаров («Локомотив-Помир»), Наимҷон Иброҳимзода («Хуҷанд»), Алиҷон Кароматуллозода (КМВА);

Ниммуҳофизон: Эҳсони Паншанбе («Навбаҳор», Ӯзбекистон), Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳама аз «Истиқлол»), Абдулмумин Забиров («Хуҷанд»), Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»), Ислом Зоиров («Локомотив-Помир»);

 Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров (ҳарду аз «Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев, Тоҳир Малодӯстов (ҳарду аз «Хуҷанд»).

Сармураббӣ – Усмон Тошев (Ӯзбекистон).

Бозиҳои дӯстона

1 феврал (душанбе)

 Урдун – ТОҶИКИСТОН

Дубай, ИМА

5 феврал (ҷумъа)

Урдун – ТОҶИКИСТОН

Дубай, ИМА

АКС аз ФФТ

Январь 22, 2021 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид