Ҷалби сармояи хориҷӣ ва ҳамватанон барои саҳмгузорӣ дар корҳои бунёдкорию созандагӣ бештар мешавад

Январь 26, 2021 14:52

ДУШАНБЕ, 26.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар баробари дигар шаҳрвандони  Тоҷикистон ҳамватанони бурунмарзии дар шаҳру вилоятҳои минтақаи  Сибири Федератсияи Россия  будаамон аз шаҳрҳои Новокузнетск, Омск, Бердск, Кемерово, Красноярск, Барнаул ва дигар шаҳрҳои Федератсияи Россия   дар идораи Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Новосибирск ҷамъ омада, якдилонаву сарҷамъона Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо карданд.

Тавре хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Россия  Садбарги  БОҚӢ иттилоъ медиҳад,  баъди тамошои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумуҳурии Тоҷикистон дар бинои консулгарӣ бо сарварии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Новосибирск Давлатхоҷа Ятим,  раисони ҷамъиятҳои ҳавзаи федеролии Сибир ва соҳибкорону фаъолони ҷамъиятҳо перомуни Паёми навбатӣ машаварат доир гардид.

Тавре  Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Новосибирск  Давлатхоҷа Ятим зикр намуд, дар баробари самарабахш истифода бурдани захираҳои дохилӣ, ҳамчунин бо мақсади дастгирии давлатии кишоварзони мамлакат ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ  аз ҷониби Президенти мамлакат пешниҳод гардид, ки тамоми кишоварзони кишвар барои як сол, яъне соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шаванд.

Ин иқдоми наҷиби Роҳбари давлат барои пешрафти соҳаи кишоварзӣ нақши муҳим дорад,- зикр намуд  Д. Ятим ва илова кард, ки   дар баробари мавриди истифода қарор гирифтани  зиёда аз 18 ҳазор иншоот ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам ҷойҳои нави корӣ  муҳайё мегарданд ва ҳам ватани азизамон боз ҳам ободтару зеботар мегардад.  Дар  ин самт саҳми соҳибкорону ҳамватанони бурунмарзиямон низ хеле зиёд буда, ба ин васила ҷалби сармояи хориҷӣ ва ҷалби ҳамватанон барои таҳким бахшидан ба ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ дар ватан боз ҳам бештар мегардад.

Нафақахӯр аз шаҳри Новосибирск ва раиси куҳансолони Ҷамъияти тоҷикони «Дружба» Темуршо Акбаров баъди Паёми солонаи Пешвои миллат  дар ҷараёни ин вохӯрӣ изҳор дошт, ки «ҳамчун як фарди худшиносу худогоҳ доимо дар андешаи ободонии Ватан мебошам ва аз ҳисоби нафақаам  100 ҳазор рубли русиро барои бунёди боғ ба зодгоҳам- ноҳияи Дарвоз мефиристам, то як гӯшаи Тоҷикистон боз ҳам сарсабзу хуррам гардад».

Сипосгузории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз   соҳибкорони ватандӯсту ободкор ва ин иқдоми меҳанпарастонаи Темуршо Акбаров  соҳибкорону фаъолони ҷамъиятҳоро, чун М. Давлатов, Ҷ.  Турдибеков, Қ. Сафаров  ва  дигарон боз ҳам рӯҳбаланд намуд. Онҳо азм карданд, ки    дар сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон   ва   рушду нумуи ватани маҳбуб саҳми муносиб гузоранд.

Январь 26, 2021 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Бунафша Файзиддинзода: «Бигузор занону духтарони мо дар арсаи байналмилалӣ бо либоси зебои тоҷикӣ парчамбардори сарзамини аҷдодӣ бошанд!»
ИХТИРОЪКОРИ БЕҲТАРИНИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти Ганҷина Наврӯззода намунаи ибрат ва шоистаи пайравӣ аст
Пешвои миллат: «Зан – модар меҳвари хонавода ва пайвандгари оила бо ҷомеа аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модар рамзи ҷовидонаи ҳаёти башар аст»
Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Рӯзи Модар ҷашн гирифта шуд
Ба нақши беназири модарон дар ҳаёти оила ва ҷомеа ҳамеша арҷ гузошта мешавад
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ ВАФО. Рӯзи Модарро дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил намуданд
Нақши занон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва рушди иҷтимоию сиёсии Тоҷикистон назаррас аст
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Хатлон 6260 иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи Модар барномаи бошукуҳи фарҳангӣ доир гардид
Занон дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон саҳми назаррас доранд
«ТУҲФА БА МОДАР». Сарбозон бо дастовез ба назди модарон мераванд