АНАСТАСИЯ ВОЛОЧКОВА ВА ТОҶИКОН. Балерина бори аввал аксашро бо ёрдамчӣ дар корҳои хонааш — коргарзан аз Тоҷикистон дар интернет гузошт

Январь 8, 2021 15:54

ДУШАНБЕ, 08.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Балеринаи машҳури рус Анастасия Волочкова бори аввал дар Instagram аксҳояшро бо ёрдамчиаш — коргарзан аз Тоҷикистон гузошт. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора хабаргузории давлатии «Спутник» -и Россия иттилоъ додааст.

ВАО қаблан ҳам медонистанд, ки дар хонаи Волочкова муҳоҷирон аз Тоҷикистон кор мекунанд, аммо ҷузъиётро дар бораи онҳо намедонистанд — балерина ифшо накардани рози зиндагии шахсӣ ва хонаводагиашро афзал медонад.

Волочкова гуфт, ки зани тоҷик Лола 5 сол боз дар хонаи ӯ кор мекунад ва дар ин муддат вай дар Россия соҳиби се фарзанд шудааст. Балерина нақл кард, ки амалан кормандонаш — аъзои оилааш мебошанд.

«Вай шахси бисёр хуб аст! Ва мо бо ҳам дар фазои ваҳдат ва ҳамоҳангӣ зиндагӣ мекунем”,  — навиштааст балеринаи рус.

Тавре расонаҳои русӣ иттилоъ медиҳанд, Анастасия Волочкова тасодуфан дар бораи сарнавишти душвори муҳоҷирони Осиёи Марказӣ огоҳӣ ёфтааст. Онҳо, ба мисли дигар ҳамватанони худ, ба Москва барои пул кор кардан омада буданд, аммо дар пойтахт ба мушкилоти калон дучор омаданд: барои иҷора гирифтани хона ба онҳо пул зарур буд, аммо онҳо надоштанд.

Илова бар ин, маълум шуд, ки зан дуҷон ва дар интизори фарзанд аст. Ин зану шавҳар ба чунин ҳолати ногувор гирифтор шуда буданд ва  тасодуфан  бо Волочкова дучор омаданд. Балерина пас аз шунидани қиссаи драмавии онҳо сахт ба ҳаяҷон омад ва онҳоро даъват кард, ки дар хонаи ӯ зиндагӣ кунанд. «Ман бар ин боварам, ки агар мо ба одамон дар коре кумак карда тавонем, бояд ҳатман ин корро бикунем. Агар ҳар яки мо кӯшиш кунем, ки ҳадди ақалл дар зиндагии худ каме некӣ бикунем, ҷаҳон бидуни шубҳа беҳтар хоҳад шуд», — иқтибос овардааст рӯзномаи русии «Собеседник» суханони Волочковаро.

Вай барои Лола ва Рустам ду ҳуҷраро бо меҳмонхона барои коргарон додааст. Ва баъди аз таваллудхона баромадан, Лола ва кӯдакашро ба хонаи Волочкова овардаанд. Настя барои ин духтарча тамоми чизҳои зарурӣ, аз ҷумла аробача ва кати хоб харид. Ва падару модари ӯро ба кор қабул кард. Акнун онҳо ба Волочкова дар кору бори  хона кумак мекунанд ва барои ин музди хуб мегиранд. Балерина ҳоло шаҳрвандони Тоҷикистонро ҷузъи оилаи худ медонад: ҳамаи идҳоро онҳо ҳамроҳ ҷашн мегиранд.

***

Ҳунарманди шоистаи Россия Анастасия Волочковаи 44-сола ба тоҷикон як навъ дилбастагии хос дорад, ки худи Анастасия онро «ҷони зебо ва дилкушодии русӣ» меномад, ки дар бораи вусъати он танҳо танбалон чизе нашунидаанд.

Белерина на як бору ду бор дар бораи аввалин муносиботи ҷиддиаш дар зиндагӣ ҳикоят кардааст. Вай иқрор шуд, ки воқеан дар синни 15-солагӣ эҳсосоти қавӣ ӯро фаро гирифт. Маҳбуби дили балеринаи якуми оянда ҳунарпешаи балети Театри Мариинкаи Санкт-Петербург, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва Ҳунарманди халқии Россия Фаррух Рузиматов буд.

ДАР АКС: Анастасия Волочкова бо Фаррух Рузиматов

Аз ҷумла, балерина дар барномаи мустақими «Қисмати одам» дар шабакаи «Россия-1″ гуфт, ки чаро аз ишқи нахустини худ Фаррух Рузиматов ҷудо шуд.

Ба гуфтаи вай, ӯ ва он мард девонавор ба ҳам ошиқ шуда буданд. Аммо модари балерина ҳамеша садди роҳаш мешуд ва намегузошт, ки онҳо бо ҳам мулоқот кунанд. «Модарам мегуфт, ки ман бо Фаррух танҳо пас аз марги ӯ метавонам мулоқот мекунам. Вай исрор мекард, ки аввал ман бояд дар касбам муваффақ ва шахси худкифо шавам ”, — гуфт балерина.

Дар айни замон модар аз балерина сахт интиқом мегирифт. Вай аз хона баромада мерафт ва Волочковаро тарсу ваҳм фаро мегирифт, ки бо модараш ягон нохушие рӯй надода бошад. Тибқи гуфтаи балерина, модари ӯ дар он солҳо бо ҳамин усул ӯро метарсонид ва бозӣ медод.

Дар натиҷа, ишқи онҳо бо Фаррух Рузиматов барбод рафт. «Як вақте ман  фаҳмидам, ки роҳи ману ӯ як нест ва ҳама чизро ба Фаррух  гуфтам. Бо вуҷуди ин, мо ҳанӯз ҳам дӯстони беҳтарин ҳастем. Ҳатто пас аз ҷудо шуданамон модарам ҳам муносибаташро бо Фаррух беҳтар кард», — изҳор кард Волочкова.

***

Соли 2010 Анастасия Волочкова ҳамроҳи якчанд овозхони маъруфи дигари Россия ба Тоҷикистон омад ва дар аввалин Фестивали  байналмилалии мусиқии «Осмони Иттиҳод», ки бо кумаки Фонди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои ИДМ ташкил шуда буд, ширкат варзид. Он замон сарояндагони ҷавони боистеъдод аз кишварҳои ИДМ — Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Россия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Гурҷистон ба Душанбе даъват шуда буданд.

Гала-консерт ба ифтихори дӯстии халқҳои ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ ду рӯз идома ёфт — сабқати мусиқӣ дар калонтарин толори консертии кишвар оғоз ва дар майдони марказии шаҳр, ки созмондиҳандагон дар он саҳнаи кушод насб карда буданд, идома ёфт. Балерина на танҳо якчанд рақсро  иҷро кард, балки ҳатто як суруди барои ӯ навиштаи Игор Николаевро сароид. Дар либоси миллии тоҷикӣ пайдо шудани Волочкова дар маркази шаҳр таваҷҷуҳи зиёди сокинони маҳаллиро ба худ ҷалб намуд. «Ин либосҳоро ба ман Вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ тақдим карда буд. Ин пироҳан ва пойҷомаи аҷиб бисёр зебо гулдӯзӣ шуда буданд. Ман онҳоро пӯшидам ва фаҳмидам, ки чӣ қадар мувофиқ ва зебо мебошанд! Ман ҳоло ҳам онҳоро мепӯшам, ин пироҳан ба ҳама либосҳои ҷевонам мувофиқат мекунад”, — изҳор намудааст Волочкова зимни мусоҳиба бо рӯзномаи “Труд”. Фавҷи мардони маҳаллӣ, ки мехостанд пас аз консерт дар оғӯши Анастасия акс бигиранд, муддати дароз қатъ намешуд. Ва ӯ бо табассум мухлисонро ба оғӯш мекашид ва ҷасурона акс мегирифт.

Воқеан, дар ин гала-концерт ба ҷуз Настя, гурӯҳи қазоқии Slang, овозхони Украина Мила Нитич, ки дар озмуни Алла Пугачёва бо ситораи тиллоӣ сарфароз шуда буд, овозхон Арсений аз Молдова, иштирокчии озмуни Eurovision 2010, овозхони украин Алёша, София Нижарадзе аз Гурҷистон, Сафура аз Озарбойҷон ва яке аз беҳтарин овозхонҳои Eurovision-2008 — Сирушо иштирок намуданд. Ин дастаи байналмилалиро овозхонҳои Россия ва Беларус — Слава ва Дмитрий Колдун такмил намуданд.

Январь 8, 2021 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд