26 январ ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мегардад

Январь 25, 2021 09:00

ДУШАНБЕ, 25.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. 26 январ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад.

Дар ин бора қарори Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даъвати ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум» ба тасвиб расид.

Тавре аз шуъбаи матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум 26 январи соли 2021, соати 09:00 дар шаҳри Душанбе доир карда мешавад.

Аъзои  Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 январ аз соати 08:00 то 17:00  дар бинои Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ошёнаи дуюм, утоқи дуюм  ба қайд гирифта мешаванд.

Телефонҳо барои маълумот: 221-13-77, 221-30-84

Январь 25, 2021 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ташаббуси Парлумони Тоҷикистон оид ба таҳияи ду қонуни намунавӣ тасдиқ шуд
Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад