Ба сокинони ноҳияи Ишкошим китоби «Тоҷикон» тақдим гардид

Январь 13, 2021 13:21

ДУШАНБЕ, 13.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзишманди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон- китоби аллома Бобоҷон Ғафуров-«Тоҷикон»-ро ба ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дастрас карда, тақсими онро оғоз намуданд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Китоби мазкур нахуст ба оилаҳои собиқадорони ноҳия тақдим карда шуд.

Дар навбати худ мардуми ноҳияи Ишкошим туҳфаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти беандоза пазируфта, миннатдории амиқи худро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.

Туҳфаи хотирмон ва гаронарзиши Пешвои миллат ҳамзамон ба ҷамоатҳои деҳот, алалхусус деҳаҳои дурдасти ҳудуди ноҳия дастрас карда шуда, тақсими он дар ноҳия идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки 26 декабри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муваззаф намуданд, ки ба ифтихори ҷашни 30 -солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон»-ро аз ҳисоби фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр намуда, ба ҳар хонаводаи тоҷикистонӣ аз номи Сарвари давлат туҳфа намоянд.

Январь 13, 2021 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид