Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид

Октябрь 10, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 10.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Фалак яке аз қадимтарин шаклҳои мусиқии суннатии мардуми тоҷик буда, таърихи зиндагӣ, эҳсосоти инсонӣ, орзуву омол, дарду ҳасрат ва ҷаҳонбинии мардумро таҷассум мекунад. Ин навъи мусиқии мардумӣ аз умқи асрҳо сарчашма гирифта, ҳамчун садои қалби инсон ва бозтоби руҳияи халқ аз насл ба насл интиқол ёфтааст. Ин матлабро директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Некрӯз Сафарзода 9 октябр зимни баргузории  ҳамоиш бахшида ба Рӯзи фалак таҳти унвони «Фалак – оҳанги ҷовидонаи миллати тоҷик» баён намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин ниҳод иттилоъ доданд, дар ҳамоиш донишмандон ва мутахассисони соҳаи мусиқӣ дар бораи таърих, мақом ва нақши ин жанр дар таҳкими ҳувияти миллӣ маъруза намуданд.

Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба ҳифз, омӯзиш ва тарғиби фалак ҳамчун ҷузъи мероси фарҳангии миллӣ аҳаммияти бештар касб намуд. Рӯзи фалак ба гиромидошти ин санъати мардумӣ, арҷгузорӣ ба ҳунармандони он ва ҷалби насли ҷавон ба омӯзиши суннатҳои мусиқии миллӣ мусоидат мекунад. Имрӯз омӯзиши илмии таърих, вижагиҳои оҳангӣ, хусусияти матни шеърӣ ва анъанаҳои иҷроии фалак барои ҳифзи асолати он ва муаррифии шоистаи фарҳанги тоҷик муҳим мебошад.

Иброз гардид, ки фалак мусиқии мардумӣ, фолклорӣ ва эҷодиёти халқ буда, асосан дар намуди шифоҳӣ аз насл ба насл ба мерос мондааст. Ин мусиқии суннатии тоҷик, ки ҳам мусиқии этнографӣ ва ҳам жанрҳои гуногуни мусиқии касбиро, аз қабили шашмақом ва фалак фаро гирифтааст, таърихи хеле қадимӣ дорад.

Ба андешаи мусиқишиносон, фалак намуд ва усулҳои иҷрокунандагии махсус дорад. Асосан ду намуди фалак — фалаки даштӣ ва фалаки роғӣ шинохта шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 10 октябр дар Тоҷикистон Рӯзи фалак ҷашн гирифта мешавад. Ин санъати беназири миллии тоҷикон ифодаи ҳиссиёт, андеша ва руҳи мардуми тоҷик буда, дар рушди фарҳанги миллии мамлакат  ҷойгоҳи арзанда дорад.

Ин мусиқии суннатии тоҷик 15 декабри соли 2021 дар ҷаласаи 16-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО дар шаҳри Париж расман ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид гардид.

АКС: Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот

 

 

Октябрь 10, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд