Барномаи «Дармон»-и Радиои «Ховар»: Дар Тоҷикистон то пирӯзӣ ба бемории COVID-19 як қадами дигар мондааст
ДУШАНБЕ, 14.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи омори расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мамлакат беш аз 99%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфтаанд.
Дар ҳоле, ки феълан баъзе кишварҳои ҷаҳон бо хатари мавҷи дуюми ин беморӣ рӯ ба рӯ ҳастанд. Албатта, метавон ин заҳмату талошҳои шабонарӯзии табибон ва дастоварди олимони соҳаро дар самти ташхису табобат ва пешгирӣ аз бемории COVID-19 калидӣ унвон намуд. Зеро масъулин тавонистанд, ки бо андешидани тадбирҳои саривақтӣ хатари бемориро дар ҷумҳурӣ бартараф намоянд. Ин матлабро директори маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Мирзозода зимни суҳбат дар барномаи «Дармон»-и Радиои «Ховар» иброз дошт.
Шакли пурраи суҳбатро имрӯз, 14 январ, соати 09:30 (асл) ва такроран соатҳои 17:30 ва 21:30 метавонед аз Радиои «Ховар» дар пешниҳоди муҳаррир ва масъули барнома Нарзулло Ализода бишнавед.








ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад






