Барои муассисаҳои илмию олии Тоҷикистон аз Россия 100 номгӯй таҷҳизоти техникӣ ва маводи кимиёвӣ ворид гардид
ДУШАНБЕ, 8.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таъминоти соҳаҳои илм бо таҷҳизоти техникӣ, асбобҳо, маводи кимиёӣ ва васоити экспедитсионӣ»-и назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) бештар аз 100 номгӯй таҷҳизоти техникӣ ва маводи кимиёвӣ ворид гардид. Ин маҳсулот аз Федератсияи Россия ба Тоҷикистон дастрас гардида, дорои сифат ва серфитикат буда, барои корҳои озмоишӣ, тадқиқотӣ ва таълимӣ равона шудаанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти АМИТ иттилоъ медиҳад.
Ҳадаф аз ворид намудани таҷҳизоти техникӣ ва маводи кимиёвӣ ба муассисаҳои илмӣ ва олӣ — ин баланд бардоштани сатҳи донишҳои техникӣ, таъмини рушди соҳаҳои илму маориф тавассути техникаю маводи кимёвӣ мебошад. Зеро дар мамлакат солҳои 2020 — 2040 – «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардидааст ва таъмини муассисаҳои илмӣ бо таҷҳизоти техникӣ ва маводи кимиёвӣ ба рушди ин илмҳо замина мегузорад.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Рӯзи Дониш (17.08.2020) зикр доштанд, ки «мушкилоти дигари муассисаҳои таълимии мамлакат ба таври кофӣ таъмин набудани онҳо бо маводи таълимии озмоишӣ, реактивҳои химиявӣ ва асбобу таҷҳизот барои фанҳои химия, физика ва биология мебошад, ки ин ҳолат низ боиси паст шудани сатҳу сифати таҳсилот гардидааст. Доир ба ҳалли ин масъала ман дар мулоқоти қаблӣ бо аҳли маориф ба масъулони соҳа ва сохторҳои дахлдор супоришҳои мушаххас дода будам ва имрӯз ба Маркази ҷумҳуриявии таъминоти соҳаи илм бо таҷҳизоти техникӣ, асбобҳо ва маводи кимиёвии назди Академияи миллии илмҳо бори дигар таъкид месозам, ки то оғози соли 2021 ҷиҳати бартараф кардани мушкилоти зикршуда тадбирҳои қатъӣ андешад».
Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таъминоти соҳаҳои илм бо таҷҳизоти техникӣ, асбобҳо, маводи кимиёӣ ва васоити экспедитсионӣ»-и назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қаблан ба ҳамаи муассисаҳои илмӣ ва таълимии дахлдор пешниҳоди таҷҳизоти техникӣ, асбоб ва маводу реагентҳои озмоишгоҳиро кафолат дода, барои тақвияти ҳамкорӣ дар рушди илму маорифи мамлакат нақш мегузорад.
Корхона тасмим гирифтааст, ки дар ҷодаи мазкур мақоми аввалинро соҳиб бошад.








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






