Бо иштироки Абдуҷаббор Раҳмонзода ҷаласаи ситоди корӣ оид ба таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатӣ баргузор шуд

Январь 14, 2021 15:30

ДУШАНБЕ, 14.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 январ ҷиҳати омодагӣ ба чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ва ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ҷаласаи ситоди корӣ баргузор гардид.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат иттилоъ доданд, дар кори ҷаласа Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ,  Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, роҳбарони сохторҳои Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, иттифоқҳои эҷодӣ ва роҳбарони гурӯҳҳои ҳунарӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои татбиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушду такомули санъати мусиқии миллии тоҷик баррасӣ гардиданд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода вобаста ба ташаккули раванди неруи эҷодӣ, дарёфти истеъдодҳои нави бахши оҳангсозӣ ва иҷрокунандагӣ, рушди санъати мусиқии касбии миллӣ, эҷоди асарҳои мусиқии баландғояи замонавӣ, инчунин оммавигардонии жанрҳои гуногуни мусиқии касбӣ ва ташаккули фарҳанги мусиқии муосири тоҷик дар назди масъулини дахлдори мамлакат вазифаҳои мушаххас гузошт.

Январь 14, 2021 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд