Дар ҷаласаи машваратии ноҳияи Ишкошим натиҷаҳои соли 2020 баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 19.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар ноҳияи Ишкошим дар сатҳи зарурӣ баргузор гардида, ғолибони он дар даври вилоятию ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои намоён ва мукофоти пулӣ шуданд. Бо мақсади ҷалби бештари довталабон имсол иштирокдорони даври ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявии озмунҳои «Тоҷикистон –Ватани азизи ман» ва «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» бо Ифтихорномаи раиси ноҳия ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ карда шуданд. Ин нуктаро муовини раиси ноҳияи Ишкошим Ашам Холдорзода зимни машварати васеи назди раиси ноҳия дар соли 2021 иброз намуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.
Дар машварат, ки таҳти раёсати раиси ноҳияи Ишкошим Мусо Мирзозода гузашт, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Саидзода иштирок намуд.
Аз рӯи рӯзномаи машварат масъалаҳои зерин: фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим ва дигар идораву муассисаҳо дар соли 2020 ва супоришҳо барои соли 2021 ҷиҳати омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Ишкошим барои солҳои 2016-2020”, ҷамъбасти натиҷаҳои озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон –Ватани азизи ман” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, иҷрои қарори раиси ноҳия “Дар бораи омодагӣ ба таъмини нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” баррасӣ гардиданд.
Муовини якуми раиси ноҳия Илол Некқадамзода оид ба фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим ва дигар идораву муассисаҳо дар соли 2020 ва супоришҳо барои соли 2021 ҷиҳати омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш манзур намуд.
Комиссари ҳарбии ноҳия, подполковник Алишер Гулбердизода вобаста ба омодагии ҳамаҷониба ба сафарбаркунии ҷавонони синни даъватии давраи баҳорӣ маълумот пешниҳод намуд.
Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Саидзода зикр кард, ки новобаста аз он ки Ишкошим яке аз ноҳияҳои дурдасти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ин гӯшаи кӯҳистони ватан низ дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳо сол аз сол рушд карда, сатҳу сифати зиндагии сокинони он беҳбудӣ меёбад.
Раиси ноҳияи Ишкошим Мусо Мирзозода ба роҳбарони идораву муассисаҳо ҷиҳати иҷрои содиқонаву софдилонаи вазифаҳояшон изҳори сипос намуда, масъулини сохторҳоро барои иҷрои саривақтии дастуру супоришҳо муваззаф намуд.








SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд






