Дар ҳашари умумишаҳрӣ дар Истаравшан 7,6 тонна партов берун бароварда шуд
ДУШАНБЕ, 21.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони шаҳри бостонии Истаравшан бо истифода аз боду ҳавои мусоиди моҳи январ ба ҳашари умумишаҳрӣ баромаданд.
Дар натиҷа 1,3 километр ҷӯйбори обгузари ду тарафи хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ ва Истиқлоли шаҳр, майдони марказӣ, ҳудуд ва атрофи биноҳои маъмурии корхонаҳои шафати роҳи асосӣ тоза ва рӯбучин гардида, 7,6 тонна поруву хокрӯбаҳо ба партовгоҳи шаҳрӣ бароварда шуданд.
Дар ин хусус Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.
Дар ҳашари умумишаҳрӣ беш аз 500 нафар кормандони корхонаву ташкилот, муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла Коллеҷи тиббӣ, Литсейи касбии техникии №14, Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ, беморхонаҳои марказию хусусӣ, кумитаи маҳаллаҳо, ҷамоати шаҳраку деҳот ва соҳибкорон иштирок карданд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






