Дар Боғи фарҳангию фароғатии Турсунзода корҳои хуррамгардонӣ шурӯъ гардиданд

Январь 13, 2021 13:04

ДУШАНБЕ, 13.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Турсунзода дар радифи таҷдиду навсозӣ, инчунин корҳои сабзазоркунӣ шурӯъ гардиданд, ки дар он  раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода ва роҳбарони ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» иштирок намуданд.

Тавре Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати  ҷумҳурӣ итилоъ медиҳад, Боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Турсунзода дар масоҳати  беш аз 3,5 гектар доман густурда, имрӯзҳо дар ҳудуди он  бунёди  фаввораву гулгаштҳо, майдончаи варзишию кохи шоҳмот ва корҳои созандагии  дигар иншооти фароғатӣ  муташаккилона идома доранд

Барои хуррамгардонии боғ дар ҳамкорӣ бо мутахассисони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода қитъаҳои гулкориву мавзеъҳои ниҳолшинонӣ бо риояи қоидаҳои агротехникӣ омода гардида, шинонидани дарахтони ҳамешасабз, назири навъҳои гуногуни  арча, дарахтони ороишӣ, алафи ҳамешасабз, садбарги ҳолландӣ ва  гулҳои гуногуни мавсимӣ ба нақша гирифта шудааст.

Январь 13, 2021 13:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Турсунзода 170 бех дарахт шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ният доранд нақшаи ниҳолшинониро ду баробар зиёд иҷро намоянд
Дар Боғи ботаникии Хуҷанд беш аз 200 бех дарахтони сӯзанбарг шинонида шуданд
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Кормандони Агентии назорати маводи нашъовар дар назди биноҳои истиқоматии пойтахт арча шинониданд
Деҳқонони Тоҷикистон ба боғҳо ва токзор яхоб мемонанд
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Майдони «Истиқлол» шинос шуда, дарахт шинониданд
Дар деҳаи Сангистони Айнӣ боғи суперинтенсивӣ бунёд карда мешавад
Дар Конибодом дар 30 гектар замини бекорхобида боғи интенсивӣ бунёд карда мешавад
Дар чанд рӯзи охир дар ноҳияи Ҳамадонӣ 750 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкан шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ховалинг зиёда аз 5000 бех ниҳолҳои сояафкан ва ҳамешасабз шинонида шуданд
Аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Эмомалӣ Мирзозода дар шаҳраки 61 беш аз 70 адад ниҳоли арча шинонида шуд