Дар дараи Алмосии Ҳисор барои ҷонварон дону хошок пошиданд
ДУШАНБЕ, 15.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Ҳисор дар якҷоягӣ бо хоҷагии деҳқонии «Рустамҷон» дар дараи Алмосии шаҳри Ҳисор корҳои биотехникӣ гузаронида, дар ин мавзеъ ба миқдори умумии 150 кг гандум, 180 кг ҷав, 50 адад бастаи хошок, 10 адад бастаи коҳ, 150 кг сабус ва 200 кг намак пошиданд.
Тавре аз Кумитаи хифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, иқдоми мазкур бо мақсади нигоҳдорӣ ва бехатарии гуногунии биологӣ, беталаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагони саҳроӣ аз фасли зимистон роҳандозӣ карда шудааст.
Гузаронидани чунин корҳои биотехникӣ дар ҳолати сард омадани ҳаво то моҳи марти соли равон дар мавзеъҳои дигари баландкӯҳи шаҳри Ҳисор низ дар назар дошта шудааст.
Дар мавзеъҳои мазкур ҳайвоноту парандаҳо, аз қабили хуки ёбоӣ, харгӯш, гург, хирс, шағол, кабк, кафтарҳои саҳроӣ, ғоз ва ғайра сукунат доранд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






