Дар дараи Алмосии Ҳисор барои ҷонварон дону хошок пошиданд

Январь 15, 2021 09:41

ДУШАНБЕ, 15.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Ҳисор дар якҷоягӣ бо хоҷагии деҳқонии «Рустамҷон» дар дараи Алмосии шаҳри Ҳисор корҳои биотехникӣ гузаронида, дар ин мавзеъ ба миқдори умумии 150 кг гандум, 180 кг ҷав, 50 адад бастаи хошок, 10 адад бастаи коҳ, 150 кг сабус ва 200 кг намак  пошиданд.

Тавре аз Кумитаи хифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, иқдоми мазкур бо мақсади нигоҳдорӣ ва бехатарии гуногунии биологӣ, беталаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагони саҳроӣ аз фасли зимистон роҳандозӣ карда шудааст.

Гузаронидани чунин корҳои биотехникӣ дар ҳолати сард омадани ҳаво то моҳи марти соли равон дар мавзеъҳои дигари баландкӯҳи шаҳри Ҳисор низ дар  назар дошта шудааст.

Дар мавзеъҳои мазкур ҳайвоноту парандаҳо, аз қабили хуки ёбоӣ, харгӯш, гург, хирс, шағол, кабк, кафтарҳои саҳроӣ, ғоз ва ғайра сукунат доранд.

Январь 15, 2021 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид