Дар Душанбе қарордоди марҳилаи дуюми лоиҳаи нақби «Истиқлол» ба имзо расид

Январь 21, 2021 15:50

ДУШАНБЕ, 21.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе қарордоди анҷоми марҳилаи дуюми лоиҳаи нақби «Истиқлол» байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Фароб»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон  ба имзо расид, иттилоъ медиҳад Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Санади мазкурро Вазири  нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва раиси  Ширкати «Фароб»-и Ҷумҳурии исломии Эрон Алӣ Вакилӣ  имзо намуданд.

Вазири нақлиёти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим оид ба ҳамкории дуҷониба  ва самарабахши Тоҷикистон ва Эрон сухан намуда, гуфт, ки татбиқи лоиҳа, анҷоми саривақтӣ ва хушсифати кор дар он давоми мантиқии  ҳамкории судбахши Тоҷикистону Эрон  хоҳад буд.

Дар маросими имзои қарордод инчунин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ, муовини Раиси ширкати «Тавсеаи манобеи об ва неруи Эрон» Беҳрузи Муродӣ, Раиси ширкати «Фароб» Алӣ Вакилӣ  аз ҳамкории давлатҳои дӯсту бародар ибрози назар намуданд

Дар доираи татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳаи нақби «Истиқлол» корҳои равшанидиҳӣ, ҳавокашӣ, оташнишонӣ, насби дурбинҳои назоратӣ, ки барои таъмини бехатарии ҳаракати мошинҳо дар дохили нақб муҳиманд, иҷро хоҳанд шуд.

Январь 21, 2021 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид