Дар Хатлон бо ташаббуси соҳибкорон 3 фермаи парвариши чорвои калон сохта шуд
ДУШАНБЕ, 14.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Барои дар амал татбиқ намудании ҳадафҳои асосии Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 дар вилояти Хатлон давоми солҳои 2019-2020 бо ташаббуси соҳибкорон 3 ферма барои парвариши ҳайвоноти калон ба истифода дода шуд. Айни ҳол дар ин фермаҳо 1527 сар чорвои зотӣ парвариш меёбанд.
Тавре аз маркази иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, барои амалигардонии рушди устувори соҳаи чорводорӣ ва мусоидат намудан дар таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифату рақобатпазири ватанӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» қабул гардид. Ин барнома ба рушди минбаъдаи соҳаи чорводорӣ, баланд бардоштани маҳсулнокӣ, зиёд намудани саршумору истеҳсоли маҳсулот, таъмини аҳолӣ бо гӯшту шир ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда мусоидат менамояд.
Солҳои охир ба вилоят аз тарафи соҳибкорони ватанӣ чорвои зотӣ ва наслдиҳандаи сергӯшту сершир аз давлатҳои Германия, Федератсияи Россия, Украина ва Беларус ворид карда шуд. Соли 2020 соҳибкорони маҳаллӣ аз ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ — Исо Холматов ва аз ноҳияи Фархор — Абдуманнон Шарипов аз хориҷи мамлакат чорвои зотӣ ворид намуданд.
Инчунин роҳбарони ҶДММ «Мармарӣ»-и Ҷамоати деҳоти «Обшорон»-и ноҳияи Ёвон аз Украина 303 сар чорвои зотӣ ворид намуданд. Дар ин раванд ворид намудани технологияҳои инноватсионӣ бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокии зироат дар соҳаҳои растанипарварӣ ва маҳсулнокии чорво бисёр муҳим мебошад.








Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад






