Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди ғалла бунёд мегардад

Январь 23, 2021 13:40

ДУШАНБЕ, 23.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хубҷамъ» корхонаи коркарди ғалла бунёд гардида, айни замон корҳои  васлу насби таҷҳизот ҷараён дорад. Корхонаи коркарди ғалла имкон дорад, ки  дар як шабонарӯз то 500 тонна гандум коркард намояд.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд, айни замон ҷараёни насби таҷҳизот дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, корхона ба таври озмоишӣ фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ  бо корхонаи мазкур иброз дошт, ки барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат бояд аз тамоми захираву имконият истифода бурда шавад. Дар вилоят бо дастгирии мақомоти давлатӣ ва ташаббуси соҳибкорон ҳамасола корхонаҳои нав ба кор андохта шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сол ба сол зиёд мешавад.

Бо назардошти маҳсулоти воридотивазкунанда будани орд ба масъулин дастур дода шуд, ки барои ҳарчӣ бештар захира намудани ғалла ва ба анҷом расонидани васлу насби таҷҳизот тадбир андешанд.

Январь 23, 2021 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
Хуршед Каримзода дар ҳамоиши байналмилалии «Такмили экосистемаи ҷаҳонии савдо» дар Корея иштирок намуд