Дар панҷ муассисаи таълимии деҳоти «Даҳана»-и Кӯлоб марказҳои рушди кӯдак ташкил гардиданд
КӮЛОБ, 09.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри дар амал татбиқ намудани барномаи «Нигоҳубин ва васеъ намудани имконият: фароҳам овардани шароит барои имконияти баробар дар манотиқи деҳоти Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар панҷ муассисаи таълимии Ҷамоати деҳоти «Даҳана»-и шаҳри Кӯлоб марказҳои рушди кӯдак ташкил гардиданд.
Бояд гуфт, ки бо мақсади ба таҳсилоти томактабӣ фаро гирифтани кӯдакон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳҳо муассисаҳои томактабӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ ва ҷалби соҳибкорон ба истифода супорида мешаванд. Инчунин барномаҳои гуногуни давлатӣ дар ин самт амалӣ мегарданд, ки дар ин кор шарикони рушд низ ҷалб карда шудаанд.
Дар ҳамин замина чанде пеш бо иштироки ташаббускорон ва меҳмонон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 34 шаҳри Кӯлоб Маркази рушди барвақтии кӯдак ифтитоҳ карда шуд. Дар ин марказ 25 нафар кӯдакон ба таълим фаро гирифта мешаванд. Барои таълим ва омода намудани кӯдакон ба мактаб тамоми шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст. Мувофиқи омор, айни замон фақат 15 фоизи кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳсилоти томактабӣ фаро гирифта шудаанд ва роҳандозии ин барнома метавонад ин нишондиҳандаро боло барад.
Барои амалӣ гардонидани барномаи мазкур мутахассисони соҳаро омода кардан зарур аст. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ташкил намудааст, ки дар онҳо 10 нафар омӯзгорон аз панҷ муассисаи зерҳадаф фаро гирифта шудаанд.
Дар ҳамоиш оид ба ин мавзӯъ гуфта шуд, ки мақсади умумии барнома аз мусоидат дар амалӣ кардани барномаҳои давлатии «Рушди таҳсилоти томактабӣ барои солҳои 2020-2021», рушди маориф ва инчунин «Стратегияи миллӣ барои рушд то соли 2020», ки бевосита барои беҳтар кардани таълими томактабӣ равона карда шудааст, иборат мебошад.
Соли оянда дар назди дигар муассисаҳо низ чунин марказҳо кушода шуда, шумораи зиёди кӯдакон ба таҳсили томактабӣ фаро гирифта мешаванд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






