Дар шаҳри Кӯлоб 52 нафар иштирокчиёни даври вилоятӣ ва ҷумҳуриявии озмунҳо қадрдонӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 29.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода 52 нафар иштирокчиёни даври вилоятӣ ва ҷумҳуриявии озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо Ифтихорнома, Сипоснома ва маблағҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилооти раиси шаҳри Кӯлоб хабар медиҳад.
Ҳамчунин бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 бо қарори раиси шаҳри Кӯлоб комиссияи озмуни шаҳрӣ барои муайян кардани беҳтарин деҳот, деҳа, маҳалла, кӯча ва оилаи беҳтарин гузаронида шуда, беҳтаринҳо муайян карда шуданд.
Аз рӯи ҷамъбасти нишондиҳандаҳои деҳоти беҳтарин ҷойи якум ба деҳоти Зиракӣ, ҷойи дуюм ба деҳоти Кӯлоб ва ҷойи сеюм ба деҳоти Даҳана дода шуд.
Аз рӯи нишондиҳандаҳои деҳаи беҳтарин ҷойи якумро деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Зарбдор, ҷойи дуюмро деҳаи Саричашмаи Ҷамоати деҳоти Кӯлоб ва ҷойи сеюмро деҳаи Зиракии Ҷамоати деҳоти Зиракӣ соҳиб шуданд.
Аз рӯи нишондиҳандаҳои маҳаллаи беҳтарин ҷойи якум ба маҳаллаи Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб, ҷойи дуюм ба маҳаллаи Сайфидин Сангови шаҳри Кӯлоб ва ҷойи сеюм ба маҳаллаи Мир Сайид Алии Ҳамадонии шаҳри Кӯлоб сазовор дониста шуд.
Аз рӯи нишондиҳандаҳои кӯчаи беҳтарин ҷойи якумро ба кӯчаи Ҷумъа Алии шаҳри Кӯлоб, ҷойи дуюмро ба кӯчаи Нонбойи поёни шаҳри Кӯлоб ва ҷойи сеюмро ба кӯчаи Сангак Сафарови шаҳри Кӯлоб сазовор донистанд.
Аз рӯи нишондиҳандаҳои оилаи беҳтарин ҷойи якумро оилаи Абдуҷаббор Зардиев, сокини Ҷамоати деҳоти Зиракӣ, ҷойи дуюмро оилаи Шариф Шеров, сокини Ҷамоати деҳоти Даҳана ва ҷойи сеюмро оилаи Амирхон Наимов, сокини кӯчаи Сайфиддин Сангови шаҳри Кӯлоб касб намуданд.
Дар ҷамъбаст ба ғолибони озмун Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ, аз ҷумла мукофотпулиҳо дар ҳаҷми аз 2000 то 1500 сомонӣ супурда шуданд.










Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад






