Дар Суғд дар доираи таътили зимистона олимпиадаи «Spelling Bee» аз фанни забони англисӣ доир шуд

Январь 5, 2021 13:04

ДУШАНБЕ, 05.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд олимпиадаи шаҳрии «Spelling Bee» аз фанни забони англисӣ доир шуда, дар он 46 нафар толибилмони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд.

Тавре аз маркази матбуоти Раиси  шаҳри Хуҷанд ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, олимпиадаи  мазкур ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои таътили зимистонаи шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд  дар самти татбиқи «Барномаи давлатии такмил ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» доир шуда, мақсад аз он баланд бардоштани шавқу рағбати хонандагон ба омўзиши забони англисӣ ва дарёфти хонандагони болаёқат мебошад.

Тибқи хулосаи доварон, хонандаи синфи 6 МТМУ №15 Мухлиса Комилҷонова ва хонандаи синфи 7 гимназияи №4 Манучеҳр Ибодуллоев ғолиби  ҷойи якум ва хонандаи синфи 7 МТМУ №10 Синоз Назрова, хонандаи синфи 7 МТМУ №11 Абўбакрхўҷа Насулоев, хонандаи синфи 7 гимназияи №13 Далер Тоҷибоев ва хонандаи синфи 7 литсейи «Рустамов» Амирҷон Маҳкамов сазовори ҷойи дуюм гардиданд.

Хонандаи синфи 7 МТМУ №9 Шоҳинабону Маъруфзода, хонандаи синфи 5 МТМУ №18 Фирдавс Ризоев, хонандаи синфи 7 МТМУ №31 Довар Мамадҷонов, хонандаи синфи 7 Фарзина Фаридунзода, хонандаи синфи 7 МТУҒ «Пўлотов» Муҳаммадсаид Рауфзода ва хонандаи синфи 7 ЛБХБ Шўҳрати Азиз ғолиби ҷойи сеюм дониста шуданд.

6 нафар ғолибони ҷойҳои якум ва дуюм  ба даври  вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

Январь 5, 2021 13:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад