Дар таътили зимистона завқи хонандагон ба китобхонӣ хеле зиёд шудааст

Январь 7, 2021 14:31

ДУШАНБЕ, 07.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар муассисаҳои таҳсилоти умумии  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагон 10 рӯз таътили зимистона муқаррар шудааст.  Имсол низ таътили зимистона дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии  ҷумҳурӣ аз 1 январ оғоз шуда, то 10 январ идома меёбад. Хонандагон дар ин муддат ба хондани китобҳои бадеӣ, забономӯзӣ, ҳунармандӣ ва дигар корҳои барои худ ва ҷамъият фоидаовар машғул мешаванд. Асосан бештари хонандагон  ба китобхонаҳо рафта, бо хондани китобҳои шавқовар дониши худро сайқал медиҳанд. 

Китобхонаи давлатии бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар, ки яке аз  калонтарин китобхонаҳои бачагонаи ҷумҳурӣ ба шумор меравад,  дар тарғиби китобу китобхонӣ, ҷалби кӯдакону наврасон ба китоб ва баргузории барномаҳои фарҳангӣ саҳми назаррас дорад.

Муовини директори Китобхонаи мазкур Азиза Сатторова дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки тӯли ҳафтае, ки  хонандагон дар таътиланд, эҳсос мешавад, ки завқи онҳо нисбат ба солҳои пешин ба хондани китобу рафтан ба китобхона хеле боло рафтааст.  Мавсуф зикр кард, ки дархости хонандагон асосан аз адабиёти бадеӣ аст. «Хурсандиовар аст, ки вақте кӯдак ё наврас ба китобхонӣ машғул мегардад, ин монеъи оворагардӣ  ва сарфи беҳудаи вақти онҳо дар кӯча ва марказҳои интернетӣ  шуда метавонад»,-афзуд А. Сатторова

Дар соли сипаригардида кормандони китобхонаи бачагона ба 8650 нафар хонанда хизмат расонида, ба онҳо 21 825 нусха китобро барои хондан манзур намудаанд.

Номбурда зикр кард, ки дар вақти баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тавассути хизматрасонии китобӣ ба хонандагон ва иштирокчиёни озмун тадбирҳои судманд андешида шуданд. Дар ин озмун 20 нафар хонандагони фаъоли мо иштирок намуда,  5 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Ҳамчунин бо ташаббуси кормандони китобхона ҳар сол Фестивали ҷумхуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» баргузор мегардад.

Дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар ҳоло 111 431 нусха китоб мавҷуд аст, ки аз инҳо 111 188 нусха китобҳои чопӣ, 131 нусха бо 1007 номгӯй китобҳои таълимӣ дар шакли электронӣ ва 112 нусха бо 110 номгӯй китобҳои гӯё мебошанд.

“Тамоми захираи китобии китобхона дар маҷмӯи феҳристу картотекаҳо сабт шудааст. Ҳамчунин имрӯз зиёда аз 1165 нусха китоб дар шакли электронӣ нусхабардорӣ шудаанд”,-гуфт дар суҳбат муовини директори китобхона Азиза Сатторова.

Солҳои аввал захираи асарҳои китобхона аз ҳисоби давлат ва шоиру нависандагони Тоҷикистон пурра мешуд. Масалан, аввалин бор шоири маҳбуби бачагон шодравон Мирсаид Миршакар ба китобхона 289 нусха китоб туҳфа намуда буд.

Ёдовар мешавем, ки 1 феврали соли 2003 бо қарори ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои поси хотир ва қадрдонии хизматҳои шоёни устод Мирсаид Миршакар ва ба муносибати таҷлили 90-солагиаш ба Китобхонаи давлатии бачагонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон номи ин Шоири халқии Тоҷикистон  гузошта шуд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

Январь 7, 2021 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
54 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд