Дар Тоҷикистон Барномаи нави давлатии рушди соҳаи геология таҳия мешавад

Январь 26, 2021 13:10

ДУШАНБЕ, 26.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон Барномаи давлатии рушди соҳаи геология барои солҳои 2021-2030 таҳия мегардад.

Дар робита, имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Саридораи геологияро якҷо бо вазорату идораҳои марбута вазифадор намуданд, ки ҷиҳати рушди саноати маъдан ва дигар соҳаҳои саноати коркард дар асоси таҳлили захираҳо вобаста ба дараҷаи омӯзиши геологии онҳо лоиҳаи Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияро барои солҳои 2021-2030 таҳия ва ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намояд.

Тавре Президенти мамлакат иброз намуданд, «имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 600 кон ва 800 зуҳурот кашф ва омӯхта шудаанд, ки дорои зиёда аз 60 навъи ашёи хоми маъданиву ғайримаъданӣ мебошад. Ҳоло ҳамагӣ 27 фоизи захираҳои зикршуда истихроҷ ва коркард шуда истодааст, ки чунин ҳолат барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегии мо қонеъкунанда нест».

Бинобар ин  зарур аст, ки Саридораи геология корҳоро дар самти омӯзиши геологӣ, гузаштан ба стандартҳои байналмилалии ҳисоби захираҳо, истифода, азнавбарқароркунӣ ва ҳифзи захираҳои ашёи хоми минералӣ, инчунин назорати равандҳои хатарноки геологӣ ва омӯзишу мониторинги обҳои зеризаминӣ тақвият бахшад.

Тавре аз маркази матбуоти Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, имрӯз Паёми Сарвари давлатро аҳли кормандони Саридора   тариқи шабакаи телевизионӣ дастаҷамъона тамошо намуданд.

Сардори шуъбаи геологияи Саридораи геология Собир Бобоев зикр намуд, ки дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини Саридораи геология супориш доданд, ки ҷиҳати рушди соҳа ва расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ лоиҳаи барномаи мукаммал таҳия намоянд. Ин шаҳодати он аст, ки истифодаи захираҳои зеризаминӣ ва омӯзиши он таҳти таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти мамлакат қарор дорад. Албатта, қабули ҳар барнома ба рушди соҳа такон мебахшад.

«Бо назардошти дастуру супоришҳои Пешвои миллат мо-кормандони соҳа бояд сатҳи омўзиши геологии давлатамонро пурра таҳлил намоем ва дар асоси натиҷаҳои бадастомада лоиҳаи барномаи мукаммали рушди геологияро, ки ҳамаи паҳлуҳои соҳаро дар бар мегирад, таҳия созем. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз 3 то 18 фоизи ҳудуди Тоҷикистон бо аксбардориҳои дақиқ пурра фаро гирифта шудаанд. Ин рақам онро нишон медиҳад, ки ҳоло имконияти  дарёфти кон ва зуҳурот дар мамлакат бисёр ҳастанд. Мо бояд дар ин самт аввал ба он минтақаҳое ки аз ҷиҳати омӯзиши геологӣ камтар омӯхта шудаанд, вале ояндадоранд, афзалият диҳем. Корҳои омӯзиширо қадам ба қадам гузаронида, конҳои нав дарёфт карда, ба тарози  захираҳои канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон гузорем. Ин кори осон нест ва барои амалӣ кардани он техника ва таҷҳизоти муосир лозим аст, вале мо кӯшиш мекунем, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷет ва худӣ камбудиҳоро бартараф карда, сифати омўзиши геологиро ба стандартҳои ҷаҳонӣ расонем ва  дастуру супоришҳои Пешвои миллатро дар муҳлати муайяншуда сарбаландона иҷро намоем», — гуфт сардори шуъбаи геологияи Саридора Собир Бобоев.

Ёдовар мешавем, ки дар Паёми соли 2011 аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш шуда буд, ки барои рушди соҳа лоиҳаи Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 таҳия карда шавад. Соли 2012 барномаи мазкур қабул гардида, дар доираи он як зумра корҳо ҷиҳати рушди соҳа амалӣ карда шуданд.

Январь 26, 2021 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми минтақавии ҳифзи табиати Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат дар Брюггеи Белгия иштирок намуд
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. «Ангишти Камароб» муассисаҳои буҷетии ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикободро бо ангишти хушсифат таъмин намуд
Намояндагони бахши иқтисодии Тоҷикистон бо ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор марҳилаи аввали татбиқи барномаи воситаҳои ҳамоҳангсозии сиёсатро баррасӣ намуданд
Дар Тоҷикистон дар 170 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Вазорати рушди иқтисод ва савдо барои сари вақт таҳия намудани лоиҳаи Дурнамои нишоҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2028 тадбирҳои зарурӣ меандешад
Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рахшона»-и Ашт зиёда аз 300 ҳазор моҳӣ парвариш меёбад
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонон доир гардид
Раёсати ҷониби Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти омори мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
Байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «РВБ» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баргузор гардид
Ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб густариш меёбад
Дар Душанбе ҳамкории ширкатҳои австриягӣ дар бунёди неругоҳҳои барқи обӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд