Дар Тоҷикистон Маркази миллии таълимӣ оид ба омӯзиши наҷотдиҳандагон бунёд мешавад

Январь 20, 2021 08:21

ДУШАНБЕ, 20.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. 19 январ дар доираи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин татбиқи лоиҳаи муштараки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Устувории сарҳади ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон», ки тавассути Дафтари Барномаи САҲА дар Душанбе бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо амалӣ карда мешавад, марҳилаи аввали корҳои сохтмони Маркази миллии таълимӣ оид ба таълими наҷотдиҳандагон дар Тоҷикистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оғоз гардид. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Бояд гуфт, ки ин машқгоҳ дар дараи Қаратоғи ноҳияи Шаҳринав, дар майдони 28 гектар доман паҳн карда, аз биноҳои таълимӣ, маъмурӣ ва истиқоматӣ, ошхона, толори варзишӣ, инчунин маҷмааҳои таълимӣ-моделсозӣ иборат хоҳад буд. Ҳама биноҳо ҷиҳозонида шуда, бо системаҳои гармидиҳӣ, неруи барқ ​​таъмин ва атрофи биноҳо сабзазор хоҳанд шуд. Тамрингоҳи миллӣ маҷмааи беназири махсусест, ки бо назардошти хусусияти минтақа ва талаботи муосир сохта шуда, омодагии ҳамаҷонибаи амалии гурӯҳҳои имдодро дар сатҳи баландтарин таъмин менамояд. Дар ин тамрингоҳ наҷотдиҳандагон моделҳои нави таҷҳизоти имдодро месанҷанд ва истифодаи онро пурра меомӯзанд.

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода зикр намуд, ки татбиқи лоиҳаи мазкур на танҳо сатҳи дониши наҷотдиҳандагон ва омодагии онҳоро баланд мебардорад, балки ба якҷояшавии гурӯҳҳои имдод дар мубориза бо офатҳои табиӣ дар сатҳи минтақавӣ мусоидат хоҳад кард.

«Кори муштарак ба мо имкон медиҳад ба системаи глобалии вокуниши офатҳои табиӣ фаъолона ҳамроҳ шавем ва бо шарикони хориҷӣ самаранок ҳамкорӣ кунем, инчунин лоиҳаҳои якҷояро дар ин самт татбиқ намоем, ки ин бешубҳа, ба чизи муҳимтарин — наҷоти ҳаёти инсон мусоидат мекунад»,-иброз намуд раиси Кумита.

Дар маҷмӯъ ин лоиҳа се марҳилаи иҷро дорад ва марҳилаи аввали он аз моҳи январ то ноябри соли 2021-ро дар бар мегирад.

Дар маросим Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, генерал-лейтенант Рустам Назарзода, раиси ноҳияи Шаҳринав Ҷаббор Носирзода, роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Валериу Кивер, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Мерилин Йосефсон, Сафири  Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Асғар, роҳбарони дигар корпусҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ ширкат намуданд.

Январь 20, 2021 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»