Футболбозони навраси тоҷик дар мусобиқаи «Ҷоми Рушд-2021», ки дар Минск баргузор мешавад, ширкат меварзанд
ДУШАНБЕ, 06.01.2021/АМИТ «Ховар»/. Аз 30 январ то 7 феврали соли равон дар пойтахти Ҷумҳурии Беларус — шаҳри Минск 17-умин мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Рушд-2021» баргузор мешавад, ки дар он дастаи мунтахаби наврасони то 17 —солаи Тоҷикистон (U-17) низ иштирок хоҳад намуд.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дастаи мазкур таҳти раҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев омодагиро ба ин мусобиқаи байналмилалӣ дар қароргоҳи Академияи футболи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), воқеъ дар деҳаи Алмосии шаҳри Ҳисор шурӯъ кардааст.
Дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Рушд-2021» ҳашт дастаи наврасон, ки аз ҳисоби футболбозони соли таваллудашон на болотар аз 2004 иборатанд, ширкат меварзанд. Мусобиқаи анъанавии зимистона дар толори футболи Минск баргузор мешавад.
Хотиррасон мешавем, ки дар 19-умин чемпионати Осиё байни дастаҳои наврасони то 17-сола дар Баҳрайн мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи ”В” бо дастаҳои мунтахаби Умон, Яман ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ рақобат мекунад.








Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад






