Китобхонаи миллӣ дар соли 2021 баргузории якчанд барномаҳои фарҳангӣ ва байналмилалиро ба нақша гирифтааст

Январь 11, 2021 13:39

ДУШАНБЕ, 11.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар соли 2021, ки 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта шуда, шаҳри Душанбе пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) эълон гардидааст, Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузории якчанд барномаҳои фарҳангӣ, адабӣ ва байналмилалиро ба нақша гирифтааст. Аз ҷумла, моҳҳои май, июн ва августи соли равон  вобаста ба китоб конфронсҳои сатҳи дохилӣ ва байналмилалӣ доир гардида, инчунин  аввали моҳи сентябр  таҳти унвони «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст» барномаи  фарҳангӣ сурат мегирад.

Муовини директори Китобхонаи миллӣ Гадобег Маҳмудов дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар»  иброз намуд, ки соли 2020 шумораи хонандагони китобхона 24 ҳазору 865 нафар афзудааст. Аксари хонандагони нав аъзошуда донишҷӯёни мактабҳои оливу миёнаи пойтахти мамлакат ва навоҳии атроф мебошанд. Аз ин шумора 1351 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,  1300 нафар аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, 1283 нафар аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, 732 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва дигарон мебошанд.

«Моҳҳои ноябр ва декабри соли гузашта пурхонандатарин моҳҳои сол буданд, зеро баъзан хонандагон дар толорҳо ҷойи нишаст намеёфтанд. Масъулини Китобхона дар навбати худ хонандагонро бо шароити мусоид, толорҳои хониши гарм ва хизматрасонии хубу саривақтӣ таъмин намуданд»,-афзуд мавсуф.

Ба гуфти номбурда, назар ба солҳои пеш сафи хонандагон аз ҳисоби  хонандагони мактабҳои миёна меафзояд. Танҳо соли гузашта 6177 нафар аз мактабҳои таҳсилоти умумӣ, 1468 нафар аз литсей ва гимназияҳо, 160 нафар аз коллеҷҳо ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шудаанд. Дар ин муддат 59 нафар шаҳрвандони хориҷӣ низ узви китобхона шудаанд. Соли гузашта шумораи маъюбон миёни аъзои китобхона 88 нафар афзудааст.

Гадобег Маҳмудов дар тақвияти гуфтаҳояш зикр намуд, ки аввали моҳи майи соли 2020 бо сабаби бемории сироятии Ковид шумораи хонандагони Китобхонаи миллӣ кам гардид. Дар ин рӯзҳо аз ҷониби масъулин 3 ҳазор нусхаи электронӣ китобҳои бадеӣ ва илмӣ дар сомона ҷой дода шуданд. Инчунин тӯли як сол ба фонди китобхона 30 ҳазор китобҳо, ки тозанашр, туҳфаҳои олимону нависандагон буда, бархеи дигарро китобхона харидааст, ворид гардиданд.

Дар мавриди китобҳои тозанашр ва тарҷумашудаи нависандагони ҷаҳонӣ ҳамсуҳбати мо иброз дошт, ки Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо дигар китобхонаҳои ҷаҳон ҳамкории зич дошта,  онҳо кӯшиш доранд, ки китобҳои тозанашри адибони ҷаҳонро бештар дастрас карда, пешниҳоди  хонандагон гардонанд.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, «имрӯз роҳбарони бештари китобхонаҳои дурдасти мамлакат ба мо муроҷиат мекунанд, ки дар фонди китобхонаҳои онҳо китобҳои тозанашр ва тарҷумашуда кам мебошанд. Аз ин рӯ мо онҳоро бо шакли электронии китобҳо таъмин менамоем. Дар фонди Китобхонаи миллӣ китобҳои нашршудаи адибони рус ва дар даврони соҳибистиқлолӣ тарҷумашуда пурра мавҷуданд. Имсол кӯшиш мекунем, ки иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»-ро бо тамоми китобҳои дар Низомнома дарҷгардида таъмин намоем».

-Китоб дар ҳама давру замон барои пешрафту рушди шахсият ва ҷамъият василаи асосию беҳтарин ба ҳисоб меравад. Зеро он  хазинаест, ки барои боз кардани дарҳояш донистани рамзҳои калидӣ шарт нест. Ворид шудан ба ин ганҷинаи донишу адаб танҳо насиби касе мегардад, ки ҳиммати баланду таҳаммули беинтиҳо дошта бошад. Китоб дар тарбияи маънавию ахлоқии одомон, хусусан ҷавонон ва умуман дар такмил ва рушди маънавии ҷомеа нақши созгору созанда дорад. Китоб ғизои маънавӣ ва оромибахши рўҳу равони инсон аст. Беҳуда нагуфтаанд, ки «Ганҷ магир, китоб гир»,- изҳор дошт Гадобег Маҳмудов.

Январь 11, 2021 13:39

Хабарҳои дигари ин бахш

«ДОСТОНИ ХУДШИНОСӢ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Пагоҳ Душанбе мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Мутахассисони соҳа бояд, ки истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд»
ЗАБОНИ МОДАРИИ МО—ЗАБОНИ ШИРИНУ ШЕВО ВА ШОИРОНАИ ТОҶИКӢ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид