Кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ҷинояти сохтакории ҳуҷҷатҳоро ошкор намуданд
ДУШАНБЕ, 21.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби кормандони Раёсати амнияти дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандон-ду сокини ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон барои сохтакорӣ кардани ҳуҷҷатҳо дастгир карда шуданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати амнияти дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандон Таҷибоев Ибодулло Додохонович, соли таваллудаш 1961 ва Нематуллоев Зарифҷон Акбарович, соли таваллудаш 1976, сокинони ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон дастгир карда шуданд.
Номбурдагон бо истифода аз дастгоҳи чопкунии ранга, сканер ва техникаи компютерӣ ба сохтакорӣ машғул буда, ҳуҷҷатҳои истифодаи воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла полиси суғуртаи ҳатмӣ, маълумотномаи муоинаи тиббӣ, санади аз ташхис гузаштани воситаи нақлиёт аз системаи газӣ, кортҳои ташхиси диагностикӣ, расидҳои бонки БДА ”Амонатбонк” оид ба пардохти андози воситаи нақлиёт ва дигар ҳуҷҷатҳоро сохтакорӣ намуда, ба ронандаҳо ба маблағи муайян пешниҳод мекардаанд.
Дар натиҷа 7 ҳолат ошкор карда шуда, мавод ба шуъбаи тафтишотии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон пешниҳод гардид. Ҳамзамон нисбат ба номбурдагон бо моддаи 340-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.








Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд
Дар шаҳри Норак нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид






