ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда мешавад

Январь 5, 2021 08:09

ДУШАНБЕ, 5.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.  Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво  тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят туман мефарояд.  Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7-12 ва дар баъзе ноҳияҳо то 15-20 дараҷа хунук, рӯзона ҳаво 2-7 дараҷа  хунук мешавад. Дар шарқи вилоятҳаво  шабона 28-33, дар баъзе ноҳияҳо то 36-41 дараҷа хунук мешавад. Рӯзона ҳарорати ҳаво 14-19 дараҷа  хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10-15 ва рӯзона  0-5 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд.  Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа хунук  ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона 6-11 дараҷа хунук  ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо  гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 3-8  дараҷа хунук ва рӯзона 4-9 дараҷа хунук мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона аз  2 дараҷа хунук  то 3 дараҷа гарм мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо то 5-10 дараҷа хунукӣ дар назар аст.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд ва резиши қирав боқӣ мемонад. Шамол аз самти  шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона  6-8 дараҷа хунук  ва рӯзона   0+2 дараҷа гарм мешавад.

Январь 5, 2021 08:09

Хабарҳои дигари ин бахш

SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд