ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: аз 10 то 13 январ бо сабаби софшавии ҳаво дар Тоҷикистон ҳавои сард пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 08.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, 10-13 январ бо сабаби софшавии ҳаво шабона дар бештари ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳи ҷумҳурӣ ҳавои сард боқӣ монда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ то 16-21 дараҷа хунук, дар ноҳияҳои шарқии ВМКБ шабона 37-42 дараҷа хунукӣ (дар мавзеи Булункӯл шабона 48-50 дараҷа хунук) пешгӯӣ мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо туман фаромада, дар роҳҳои нақлиётгарди ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳӣ яхбандӣ аз эҳтимол дур нест.
Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 10-12 январ ҳавои камабри бебориш, 13 январ ҳавои тағйирёбанда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 16-21 дараҷа хунук, рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят шабона аз 30-35 дараҷа хунук то 37-42 дараҷа хунук (дар мавзеи Булункӯл 48-50 дараҷа хунук), рӯзона аз 15-20 дараҷа хунук то 23-28 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Хатлон 10-11 январ ҳавои камабр ва 12-13 январ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 6+11 дарҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 3+8 дарҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд 10-11 январ ҳавои камабри бебориш ва 12-13 январ ҳавои тағйирёбанда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Инчунин 10-12 январ дар ноҳияҳои алоҳида шамол бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 4 дараҷа хунук ва 10 дараҷа гарм, рӯзона 2+7 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10-150 хунук, рӯзона 3 дараҷа хунук ва 2 дараҷа мешавад.
Дар ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ 10-11 январ ҳавои камабри бебориш, 12-13 январ ҳавои тағйирёбанда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар мебошад. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9-14 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 16-21 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо то 1-6 дараҷа хунук мешавад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






