Озмуни «Беҳтарин муассисаи таҳсилоти умумӣ дар соли 2020» ҷамъбаст гардид

Январь 5, 2021 11:06

ДУШАНБЕ, 05.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати маорифи мамлакат бо мақсади амалӣ намудани «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020″  озмуни «Беҳтарин муассисаи таҳсилоти умумӣ дар соли 2020″-ро таҳти унвони «Ташаккули тарзи ҳаёти солим» ҷамъбаст намуд. Ҷойи аввал ба муассисаи таҳсилоти умумии №58 шаҳри Ваҳдат бо гирифтани 234 хол,  ҷойи дуюм ба муассисаи таҳсилоти умумии №12 ноҳияи Рашт бо гирифтани 228 хол ва ҷойи сеюм ба муассисаи таҳсилоти умумии №7 шаҳри Турсунзода бо гирифтани 224 сазовор дониста шуд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, моҳи ноябри соли 2020 дар 390 муассисаи таҳсилоти умумии шаҳрҳои Турсунзодаю Ваҳдат ва ноҳияи Рашт даври якуми озмуни “Беҳтарин муассисаи таҳсилоти умумӣ” таҳти  унвони «Ташаккули тарзи ҳаёти солим» гузаронида шуда, аз ноҳия ва шаҳрҳои зикршуда 9 муассисаи беҳтарин (Турсунзода – 3 муассиса, Ваҳдат – 3 муассиса, ноҳияи Рашт – 3 муассиса) ба даври ниҳоии озмун пешниҳод гардиданд.

Дар асоси фармоиши Вазири маориф ва илм ҳайати ҳакамони озмун барои ҷамъбасти даври дуюм (ниҳоӣ) аз муассисаҳои таълимии №№7, 75 98-и шаҳри Турсунзода, №№58, 30 ва 71-и шаҳри Ваҳдат, №№2, 12, ва 25-и ноҳияи Рашт дидан карда, ба корҳои дар ин самт анҷомёфта баҳо доданд.

Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур бори аввал ба таври таҷрибавӣ танҳо дар се шаҳру ноҳия доир гардид. Озмун дар ҳамкорӣ Вазорати маориф ва илм, Хазинаи нуфуси аҳолии Созмони Милали Муттаҳид (ЮНФПА) ва Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳамсол ба ҳамсол» гузаронида шуд.

Январь 5, 2021 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад