Раиси вилояти Хатлон бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои ободонию бунёдкорӣ ба ноҳияи Кӯшониён сафар кард
ДУШАНБЕ, 16.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои ободонию бунёдкорӣ ба ноҳияи Кӯшониён сафар кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.
Раиси вилоят аз ҷараёни сохтмони бинои меҳмонхона ва маркази саломатӣ, воқеъ дар шаҳраки Исмоили Сомонӣ, дидан намуд. Бинои мазкур дар асоси нақшаи чорабиниҳо ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкор Анвар Фақерзода бунёд мешавад.
Бинои меҳмонхона ва тарабхона дорои 14 ҳуҷра, 20 ҷойи хоб, ду толори маҷлисгоҳ, тарабхона барои 300 нафар ва маркази савдо буда, арзиши лоиҳавии он 2 миллиону 773 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин, аз тарафи соҳибкор сохтмони беморхонаи хусусии дорои 18 ҳуҷраи духтурон ва 25 ҳуҷраи хоби беморон босуръат идома дорад. Иншооти мазкур ба маблағи 2 миллиону 330 ҳазор сомонӣ сохта мешавад. Тибқи нақша он дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода инчунин дар маркази ноҳияи Кӯшониён аз рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои шашошёнаи истиқоматӣ дидан намуд.
Сохтмони бинои мазкур дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкор Дилшод Давлатов ба нақша гирифта шудааст. Корҳои сохтмонӣ моҳи январи соли 2020 оғоз гардида, дар ошёнаи якум маркази савдо ва дар ошёнаҳои 2-6-ум манзилҳои истиқоматӣ сохта мешаванд.
Тибқи лоиҳа шумораи ҳуҷраҳо 30 ададро ташкил медиҳад. Ҳангоми ба истифода додани бинои мазкур дар маркази савдо 12 нафар сокинон ба кори доимӣ таъмин карда мешаванд.
Дар корҳои сохтмонӣ 20 нафар сокинони маҳаллӣ ҷалб шудаанд.
АКСҲО аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон










Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд






