Сафири Тоҷикистон бо Вазири маориф ва илми Украина мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 27.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. 26 январ дар Киев вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода бо Вазири маориф ва илми Украина Сергей Шкарлет баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Украина дар соҳаи илму маориф ва роҳҳои густариши он баррасӣ гардиданд.
Инчунин зимни мулоқот иҷрои Протоколи ҷаласаи панҷуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина оид ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ ва омодагӣ барои баргузории ҷаласаи шашуми Комиссия соли равон дар шаҳри Душанбе муҳокима гардид.
Ҷонибҳо ташкили ҷашнвораҳои донишҷӯён ва баргузории ярмаркаҳо бо иштироки намояндагони муассисаҳои таълимоти олии Украина дар Тоҷикистон ҷиҳати муаррифии имконияти он кишвар дар самти маориф муҳим арзёбӣ намуданд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






