РАШТ, 22.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 декабри соли гузашта то 15 январи имсол дар минтақаи Рашт 6 миллиону 583 ҳазору 730 киловатт-соат қувваи барқ сарфа карда шудааст. Ин омор зимни бурдани корҳои фаҳмондадиҳии кормандони шабакаҳои барқи минтақаи Рашт дар якҷоягӣ бо гурӯҳҳои кории тарғиботӣ дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ва истифода аз таҷҳизоти замонавии каммасраф миёни аҳолии ноҳияҳои Сангвору Лахш, Тоҷикободу Рашт ва Нуробод муайян гардид.
Дар ин бора муҳандиси реҷаи шабакаҳои барқи Рашт Фатҳулло Маҳмадхонов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.
Муҳосиби шабакаҳои барқи Рашт Назриддин Шарипов гуфт, ки мувофиқи маълумоти муҳосибот, қарзи дебитории шабакаҳои барқи минтақаи Рашт 41 миллиону 158 ҳазору 909 сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин 15 миллиону 839 ҳазору 381 сомонӣ аз ҳисоби муштариёни маишӣ ва боқимонда аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳо ва сохтори тиҷоратии ноҳияҳои минтақаи Рашт мебошад. Хушбахтона, бо ташаббуси гурӯҳҳои тарғиботӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи минтақа 858 ҳазору 483 сомонӣ қарзи истифодаи қувваи барқ баргардонида шуд.
Ҳамчунин дар ин муддат бо гузаронидани санҷишҳои муштарак 73 ҳолати ғайриқонунӣ истифода бурдани қувваи барқ ошкор карда шуда, ҷавобгарон барои зарари расонида ба маблағи 113 ҳазору 841 сомонӣ ҷарима шуданд. То имрӯз 78 ҳазору 546 сомонии он рӯёнида шудааст.