Сокини шаҳри Турсунзода барои тарғиби ғояҳои равияи «Салафия» ба муҳлати 5,6 сол аз озодӣ маҳрум гардид

Январь 14, 2021 15:35

ДУШАНБЕ, 14.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Сокини шаҳри Турсунзода Абдуллоҳ Ҳаитов барои ҷонибдорӣ ва тарғибу ташвиқи ғояҳои равияи динию экстремистии «Салафия», ки дар Тоҷикистон  аз соли 2009 мамнӯъ эълон гардидааст, бо ҳукми суди шаҳри Турсунзода ба муҳлати 5 солу 6 моҳ аз озодӣ  маҳрум гардид. Дар ин хусус ба  АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Тибқи хабари сарчашма, нисбат ба Ҳаитов А.Б бо моддаи 3073 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Суди шаҳри Турсунзода Ҳаитов А.Б.-ро гунаҳгор дониста, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 солу 6 моҳ бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш пурзӯр таъйин  намудааст.

Гуфта мешавад, ки Ҳаитов А.Б аз соли 2010 то моҳи феврали соли 2020 ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия  фаъолият намуда, аз аъзои номаълуми равияи «Салафия» таълимоти динӣ омӯхта, онро қабул ва ҷонибдорӣ карда, то инҷониб ҳамчун аъзои фаъоли равияи мазкур иштирок карда, ба тарғибу ташвиқи ғояҳои экстремистии ин равия тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ба ҷалби шаҳрвандон ҷиҳати иштирокашон дар фаъолияти ин равия машғул шудааст.

Январь 14, 2021 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд