СУТ дар бораи афзоиши рекордии фавт бар асари COVID-19 дар як ҳафта хабар дод

Январь 20, 2021 13:47

ДУШАНБЕ, 20.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаҳон бар асари коронавирус беш аз 93 882 нафар дар як ҳафта- аз 11 то 17 январ фавтидаанд. Тибқи маълумоти бюллетени ҳафтаинаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ), ин нишондиҳандаи баландтарин аз оғози пандемия мебошад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Зикр карда шудааст, ки ин нисбат ба нишондоди ҳафтаи пешин 9% зиёдтар аст.

Қариб нисфи (47%) фавтидагон ба Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ рост меоянд — 43 804 фавт, дар Аврупо 37 698 нафар ба асари коронавирус ҷон бохтаанд.

Дар айни ҳол, аз 11 то 17 январ дар ҷаҳон 4,7 миллион ҳолати  нави сироятёбӣ бо COVID-19 сабт шудааст, ки ин нисбат ба ҳафтаи пешин 6% камтар аст.

Аз оғози пандемия шумораи маҷмӯии ҳолатҳои ошкоршуда то 94124.612 зиёд шудааст ва 2.034.527 бемор қурбонии сироят шудаанд. Аз рӯи ҳарду нишондиҳанда Иёлоти Муттаҳида пешсаф аст. Дар ИМА шумораи сироятёфтагон дар тӯли ҳафт рӯз 1,5 миллион нафар зиёд шудааст. Пас аз он Бразилия (беш аз 379 ҳазор рӯйдоди нав) ва Британияи Кабир (беш аз 339 ҳазор) қарор доранд.

Пештар дар ҳамин рӯз маълум шуд, ки коршиносони СУТ ба хулосае омаданд, ки ҳукуматҳои аксари кишварҳои ҷаҳон нисбат ба пандемия бо кундӣ ва бесамар аксуламал намудаанд.

Як рӯз пеш раҳбари ин созмон Тедрос Аданом Гебрейесус гуфт, ки ҷаҳон дар остонаи фалокати ахлоқӣ қарор дорад ва нақшаи ба таври баробар бо ваксинаи зидди коронавирус таъмин намудани сокинони кишварҳои мухталиф дар ҳоли ҳозир зери хатар қарор дорад.

                                                               АКС аз бойгонӣ

 

Январь 20, 2021 13:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод