«Теъдоди неругоҳҳои офтобию шамолиро зиёд бояд кард», «Шакаристони ёдҳо»,- шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 14.01.2021/АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи равон матбуоти даврии мамлакат рӯйдодҳои муҳими ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Тоҷикистон ва ҷаҳонро нашр намудаанд.
«Ҷумҳурият» — нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи 8 (24 115) чоршанбе, 13 январи соли 2021 дар саҳифаи аввал Барқияи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Қирғизистон чоп намудааст. Ҳамчунин дар ин шумора мақолаи «Шириншоҳ Шоҳтемур. Охирин сафаре, ки бо тақдири пурмоҷаро тамом шуд» нашр шудааст, ки дар он оид ба ҳаёт ва зиндагиномаи Шириншоҳ Шоҳтемур навишта шуда, суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оварда шудаанд: «Шириншоҳ Шоҳтемур дар умри кӯтоҳи худ дар таърихи миллат саҳифаҳои дурахшонеро сабт намудааст. Хизматҳои беназири ӯро ба назар гирифта, Ҳукумати мамлакат баъди 70 соли фаромӯшӣ ин фарзанди ҷонфидои миллатро бо унвони олии мамлакат–Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз гардонид».
Ҳамзамон хонандагони нашрияи расмии «Ҷумҳурият» имкон доранд аз ин шумора мақолаҳоро таҳти унвони «Шиносномаи забони миллат — Эмомалӣ Раҳмон. «Забони миллат-ҳастии миллат». Китоби 2 –«Забон ва замон», «Рӯзгоре барои ибрат» ва дигар хабару гузоришҳоро аз ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат ва ҷаҳон мутолиа намоянд.
«Садои мардум»-нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи №5 (4267) 14 январи соли 2021 дар саҳифаи аввали шумора мақолаи «Мулоқоти Муҳаммадтоир Зокирзода бо Игор Лякин-Фролов»-ро чоп намудааст. Инчунин дар ин шумора доир ба «Имтиёзҳои андозӣ. Киҳо соли 2021 аз он баҳравар мегарданд?» мақола ба табъ расидааст. Дар баробари ин хонандагони «Садои мардум» имкон доранд дар радифи хабару гузоришҳо аз фаъолияти Парлумони мамлакат, инчунин мақолаҳоро таҳти унвони «Хирад афсари шаҳриёрон бувад», «Рӯшангари имрӯзу фардо», «Теъдоди неругоҳҳои офтобию шамолиро зиёд бояд кард», «Рушди забони давлатӣ- омили ҳастии миллат» ва «Сурудаш ҷовидон бод» мутолиа намоянд.
«Народная газета»- нашрияи русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи рӯзи чоршанбе, №2 (20284) 13 январи соли 2021 таҳти унвони «Президент страны Эмомали Рахмон ознокомился с ходом строительных работ на Площади «Истиклол»» мавод ба нашр расонидааст. Инчунин дар ин шумора мусоҳибаи хабарнигори газета бо ходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ Виктор Ким бо номи “Независимость основа сохранения мира, единсва и согласия” нашр шудааст. Ҳамзамон ҳайати эҷодии нашрияи русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Народная газета» дар ин шумора мақолаҳоеро, ба монанди «Мы удовлетворены уровнем многогранных отношений между Таджикистаном и Катаром (интервью Президента Республики Таджикистан Эмомали Рахмон для газеты «Ал-Шарк» Государства Катар)», «Таджикистан: экзамен на стойкость и стабильност», «Достижения Национального музея в приод пандемии» ва дигар хабару гузоришҳоро таҳия намуда, пешкаши хонандагони нашрия намудаанд.
Нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/— «Минбари халқ» дар шумораи № 2 (1296) чоршанбе, 13 январи соли 2021 аз ҷараёни ниҳолшинонӣ дар Майдони «Истиқлол», ки 7 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Майдони «Истиқлол» шинос шуда, дарахт шинониданд, матлаб нашр намудааст.
Ҳамзамон мусоҳибаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рӯзномаи «Ал-Шарқ» -и давлати Қатар дар саҳифаи ин нашрия ба табъ расидааст. Дар баробари ин хонандагони нашрия метавонанд матлабҳои зеринро, ба монанди «Истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ба манфиати ҳамагон аст», «Таъсири СOVID-19 ба иқтисоди Тоҷикистон», «Хурофот аз ҷаҳолат сарчашма мегирад», «Шакаристони ёдҳо», «Вассофи Ватан буд…» ва дигар хабару гузоришҳоро аз фаъолияти ҲХДТ мутолиа намоянд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»








Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад






