УЕФА тасмими баргузории чемпионати имсолаи Аврупоро дар 12 шаҳр тасдиқ кард
ДУШАНБЕ, 28.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Чемпионати Аврупо оид ба футбол дар 12 шаҳр, тавре ки қаблан ба нақша гирифта шуда буд, сурат хоҳад гирифт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Иттиҳоди ассотсиатсияҳои футболи Аврупо (УЕФА).
«УЕФА ният дорад чемпионати Аврупоро дар ҳамаи 12 шаҳр баргузор кунад. Евро — ин мусобиқаи бузурги дастаҳои миллӣ дар Аврупо ва манбаи ҳаётан муҳими маблағгузорӣ ва рушди васеи футбол мебошад», — иқтибос меорад АМИТ «Ховар» суханони сардори УЕФА Александр Чеферинро.
«Ман хушбинам, ки бо наздик шудани мусобиқа эҳтимолан вазъи вобаста ба вирус ба куллӣ тағйир меёбад ва муҳим ин аст, ки мо ба шаҳрҳо ва ҳукуматҳои мизбон ҳарчи бештар вақт бидиҳем, то ин ки тасвири дақиқи чизеро, ки моро дар моҳи июн интизор аст, тасаввур кунем», — гуфт ӯ.
Инчунин зикр карда мешавад, ки тасмим дар бораи баргузории чемпионати Аврупо бо ҳузури тамошобинон аввали моҳи апрел қабул хоҳад шуд.
Чемпионати Аврупо аз 11 июн то 11 июли соли 2021 баргузор мешавад. Бо сабаби пандемияи коронавирус мусобиқа барои як сол мавқуф гузошта шуд. Гузаронидани он дар Санкт-Петербург, Лондон, Мюнхен, Боку, Рим, Бухарест, Дублин, Копенгаген, Билбао, Глазго, Будапешт ва Амстердам ба нақша гирифта шудааст.
АКСИ UEFA.co








Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд






