Вазорати рушди иқтисод ва савдо Озмуни ҷумҳуриявии «Бренди миллии Тоҷикистон»-ро эълон намуд
ДУШАНБЕ, 23.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани мавқеи маҳсулоти ватанӣ дар арсаи байналмилалӣ ва муаррифии дастовардҳои истеҳсолии мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Бренди миллии Тоҷикистон» эълон менамояд. Дар ин бора аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ҳадафи асосии озмуни мазкур муайян намудани нишонаи Бренди миллии Тоҷикистон буда, он бояд муқаддасоти миллӣ, фарҳангу тамаддун, табиати зебоманзар ва имконияти истеҳсолии кишварро инъикос намуда, муаррифи маҳсулоти ватанӣ дар арсаи байналмилалӣ бошад.
Дар озмун шахсоне, ки қобилияти тарроҳӣ, рассомӣ ва эҷодкорӣ доранд, иштирок карда метавонанд.
Ғолиби озмун бо ҷоиза, 20 000 сомонӣ мукофотпулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешавад.
Хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро барои иштирок дар озмун бо суроғаи ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ 14 «а» пешниҳод намоянд.
Телефон барои тамос: 909 17 55 55








Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид






